Post content
Ҳамватанони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар қонунгузории Федератсияи Россия тағйироти муҳиме ба амал омадааст, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дорад. 🗓️Аз 1 июли соли 2025 тибқи Қонуни федералии Федератсияи Россия № 303-ФЗ аз 08.08.2024 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» қоидаҳои нави истифодаи хадамоти алоқа ҷорӣ карда мешаванд. 📲 Чӣ тағйир меёбад? Ҳамаи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ вазифадоранд, ки маълумоти биометрии худро тавассути портали Госуслуги (www.gosuslugi.ru) пешниҳод намуда, дар низоми ягонаи биометрӣ (ЕБС) ба қайд гиранд. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ЕБС ба қайд гирифта нашудаанд, наметавонанд SIM-корт истифода баранд (занг, интернет, паёмрасонҳо ва ғайра). Операторони алоқа вазифадоранд пайвастшавии корбаронеро, ки биометрияи худро тасдиқ накардаанд, махкам намоянд. 📌 Шумо чӣ бояд кунед? Дар портали "Госуслуги" ба қайд гиред, агар ҳанӯз ҳисоби корбар надошта бошед. Маълумоти биометрии худро (акси рӯй ва намунаи овоз) дар марказҳои махсус ё МФЦ (марказҳои хизматрасонии давлатӣ), ки ҳуқуқи ҷамъоварии биометрия доранд, пешниҳод намоед. Бовар ҳосил намоед, ки маълумоти шумо ба Низоми ягонаи биометрӣ (ЕБС) ворид шудааст. Санҷед, ки рақами телефони шумо бо биометрияи шумо пайваст шудааст. ⚠️ Лутфан таваҷҷуҳ намоед: Бе иҷрои ин талабот шумо наметавонед аз алоқаи мобилӣ дар Россия истифода баред. Қонун ҳам ба муштариёни нав ва ҳам ба истифодабарандагони ҷорӣ дахл дорад. Раванди сабти биометрия бепул аст. ❗ Тавсия дода мешавад, ки пешакӣ сабти ном кунед, то аз қатъ гардидани алоқа ва ноқулайӣ ҷилавгирӣ шавад.