Post content
Ҳамватанони муҳтарам! Тавсия медиҳем, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Россия дар замимаи мобилии RUID бақайдгирӣ намоед ва дар бораи парвози пешбинишуда аризаи худро пур кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки маълумоти шахсӣ ва биометриро пешакӣ пешниҳод намоед, инчунин дастрасӣ ба як қатор хизматрасониҳоеро, ки пас аз бақайдгирӣ дар замима дастрас мешаванд, пайдо кунед. Барномаи мобилии “ruID” дар ҳамаи мағозаҳои расмии замимаҳо (Google Play, App Store, RuStore ва ғайра) дастрас мебошад. Барномаи ruID бо мақсади осон кардани вуруд ба Федератсияи Россия, дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусии рақамӣ дар ҳудуди Россия таҳия шудааст. Ин барнома имкониятҳои зеринро пешниҳод мекунад: • Коҳиш додани вақти интизорӣ ҳангоми гузаштани назорати шиноснома дар нуқтаҳои марзӣ (фурудгоҳҳои Россия); • Содда кардани раванди сафар ва вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия. • Шиносоии электронии соддашуда; • Дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва иҷтимоӣ (аз ҷумла муҳоҷиратӣ, тиббӣ, бонкӣ ва ғайра); • Нигоҳдорӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ; • Амнияти баланди маълумот ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои онлайн; Истифодаи барномаи ruID ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки: • Айни ҳол дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд; • Нақшаи сафар ва ворид шудан ба Россияро доранд бо мақсади кор, таҳсил ё иқомати муваққатӣ ва доимӣ. Тарзи насб ва истифода: 1. Ба Google Play, App Store ё RuStore дар телефони мобилии худ ворид шавед. 2. Дар сатри ҷустуҷӯ номи ruID-ро нависед. 3. Барномаро боргирӣ ва насб кунед. 4. Тибқи дастурҳо сабти ном намоед. Барномаи ruID ба Шумо имкон медиҳад, ки хизматрасониҳоро дар шакли рақамӣ осонтар ва бехатар истифода баред, равандҳои гузариш аз марзро тезонед ва вақти худро сарфа намоед. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.