Post content
АСОСҲОИ ТАМДИДИ МУҲЛАТИ БУДУБОШ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад. Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад. Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд: 1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад; 2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсил доранд, онҳо метавонад то анҷоми таҳсил муҳлати будубоши худро тамдид намоянд, дар ҳолати анҷоми зиннаи таҳсилот инчунин имконият дода мешавад, ки ба муҳлати 30 шабонарӯз будубоши худро тамдид намуда, ба зинаи дигари таҳсилот дохил шаванд. Ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.