TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #385

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views268Post view count
PostedJul 707/07/2025, 02:36 PM
Post content

Post content

Ҳамватанони азиз! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба суроғаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дархости ширкати русии ҶДММ «КинТек» ворид гардидааст оид ба ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кор қабул кардан дар мавқеъҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия. Бино ба маълумоти пешниҳодгардида, ширкат шаҳрвандонро барои фаъолият ҳамчун коргарони умумӣ (разнорабочий) даъват менамояд. Объектҳои сохтмонии ҶДММ «КинТек» дар саросари ҳудуди Россия ҷойгир мебошанд. Музди меҳнат аз 2500 рубл дар як рӯз оғоз меёбад ва имкони даромади иловагӣ (шуғли иловагӣ) низ мавҷуд аст. Бо мақсади дарёфти маълумоти муфассал оид ба шартҳои кор, бастани шартнома ва масъалаҳои зист, хоҳишмандон метавонанд бо намояндагони ширкат тамос гиранд: Воропаев Александр Александрович – тел.: +7 (920) 478-14-78 Шишова Анастасия Александровна – тел.: +7 (904) 640-22-52 Почтаи электронӣ: [email protected] Ҳамзамон ба маълумот мерасонем, ки бо мақсади гирифтани маълумоти дақиқу мукаммал оид ба имкониятҳои шуғл дар қаламрави Федератсияи Россия, шаҳрвандони хоҳишманд метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия