Post content
Ҳамватанони азиз! Намояндагӣ хабар медиҳад, ки барои шаҳрвандон барномаи ruID аз 27 июни соли ҷорӣ дастрас гардид. Тавассути ruID шаҳрвандони кишварҳои бидуни виза метавонанд барои вуруд ба Россия ариза супоранд. Ин тартиб ҳамчун таҷриба то санаи 30 июни соли 2026 ҷорӣ мегардад. ❓ Барои чӣ бояд дар ruID сабти ном кард — Пешакӣ фаҳмидан мумкин аст, ки оё барои вуруд ба Россия мамнӯият вуҷуд дорад ё не. — Агар ҳадафи сафар — кор бошад, метавон Рақами суғуртавиро (СНИЛС) маҷозӣ ба расмият даровард. Маълумоти шумо ба таври худкор ба Бунёди иҷтимоӣ (СФР) фиристода мешавад. — Пас аз гузаштани сарҳад QR-рамз гирифта мешавад. Онро метавон ҳамчун ҳуҷҷати шахсӣ истифода бурд. Ба сабаби сабти ном нашудан дар ruID вуруд ба Россия манъ намешавад: ин тартиб ихтиёрӣ аст. 📆 Кай бояд ариза супорид На дертар аз 90 рӯз пеш аз сафар ва на дертар аз 3 рӯз пеш аз сафар. Дар ҳолатҳои фавқулодда аризаро метавон дар давоми 4 соат супорид. Масалан, агар хешованди шумо дар Россия ҷиддӣ бемор шавад. 📑 Чӣ гуна ариза супоридан лозим аст 1️⃣ Барномаи ruID-ро аз App Store, RuStore ё Google Play боргирӣ кунед. 2️⃣ Сабти ном намоед ё аз логин ва пароли Госуслуги худ истифода баред. 3️⃣ Ҳадаф, муҳлат ва масири сафарро нишон диҳед. Агар кӯдакон ҳамроҳ бошанд — маълумоти онҳоро илова кунед. 4️⃣ Биометрияро супоред — дар барнома акси худро гиред ва овози худро сабт намоед. Пас аз тасдиқи ариза, огоҳинома ба ҳисоби шахсии шумо меояд. 📌 Ба киҳо сабти ном дар ruID лозим нест: — Шаҳрвандони Беларус. — Кӯдакони то 6-сола. — Кормандони сафорату консулгариҳо. — Хориҷиёне, ки бо раводид меоянд. — Дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: Телефонҳо барои тамос: +7 (495) 967-98-44 , +7 (999) 912-58-68 (WhatsApp). Намоянда дар минтақаи Сибир, шаҳри Новосибирск +7 (929) 388-54-11 Намоянда дар минтақаи Приволже, шаҳри Уфа +7 (926) 311-52-53 Намоянда дар минтақаи Ҷанубӣ, шаҳри Краснодар +7 (901) 344-77-77 Намоянда дар минтақаи Шимолу-ғарбӣ, ш. Санкт-Петербург +7 (977) 963-25-69 Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97