TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #387

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views304Post view count
PostedJul 907/09/2025, 05:19 AM
Post content

Post content

Тағйири мақсади будубоши хориҷиён дар Федератсияи Россия: дар кадом ҳолатҳо мумкин аст? Муҳтарам шаҳрвандон! Намояндагӣ хабар медиҳад, ки барои фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд, ки мақсади мувофиқи сафари худро нишон диҳанд. Риоя накардани ин талабот метавонад боиси содир шудани қонуншиканӣ гардад. Ба шаҳрвандони хориҷӣ лозим нест, ки ҳудуди Федератсияи Россияро тарк карда, дубора ворид шаванд. Барои иваз кардани мақсади вуруд ба "меҳнатӣ", бояд ариза барои гирифтани патент пешниҳод карда шавад ва дар он дар бораи иваз шудани мақсад зикр гардад. Таваҷҷуҳ намоед: 🔵Патент бояд дар муҳлати 30 рӯз пас аз вуруд ба Россия расмӣ гардад — бо ариза ба мақомоти ҳудудии ВКД-и Федератсияи Россия, ФГУП «ПВС» ВКД-и Россия ё МБМ-и «Сахарово» муроҷиат кунед; 🔵Корти нави муҳоҷиратӣ дода намешавад — тағйирот дар пойгоҳи додаҳои ВКД-и Россия сабт мегардад. Ёдрас мешавем: шаҳрвандоне, ки патент гирифтаанд, уҳдадоранд дар муҳлати 2 моҳ мақомоти ҳудудии ВКД-и Россияро дар бораи оғози фаъолияти меҳнатӣ огоҳ намоянд. ВКД-и Федератсияи Россия фаъолона кор мебарад барои бекор кардани патенти шаҳрвандони хориҷие, ки дар бораи ҷойи кор хабар надодаанд. Танҳо дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 26 ҳазор патент бо сабаби риоя накардани ин уҳдадорӣ бекор карда шудааст — ин қариб 7 маротиба бештар аст нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта. Намояндагӣ бо таъкид тавсия медиҳад, ки тамоми қонунҳо ва қоидаҳои кишвари будубош риоя шаванд ва ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ сари вақт ба расмият дароварда шаванд. Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.