Post content
Ҳамватанони азиз! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда татбиқ мегарданд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони №1126, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад; Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97