TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #389

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views204Post view count
PostedJul 1507/15/2025, 06:15 AM
Post content

Post content

ВОХӮРИИ МУФИД БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ДАР ПЕТРАЗАВОДСК Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелия бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ вохурӣ баргузор намуда, дар он зиёда аз 130 нафар зодагони Тоҷикистон иштирок намуда, ба онҳо маълумотҳои муфид дода шуд. Зимни вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаҳои тағийрот дар қонунгузории ФР, қонунигардонии мақоми будубоши шаҳрвандон дар кишвари иқомат, тартиби нави дохилшавии фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба мактабҳои миёнаи Россия, таблиғотии созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, махсусан ташвиқот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зарурати худдорӣ аз мутолеаи саҳифаҳои ғайрирасмии паҳнкунандаи маводи ифротгароӣ, паст намудани шиддати ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи талаботҳои қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ ва дигар масъалаҳои марбут дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар асоси фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126 ва тағийру иловаҳо ба он аз 28 апрели соли 2025 раванди қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари иқомат то санаи 10 сентябри соли ҷорӣ идома меёбад. Шаҳрвандоне, ки ғайрирасмӣ дар кишвари иқомат фаъолият доранд, имконият доранд, ки то санаи муайяншуда ҳуҷҷатҳои буду боши худро ба танзим дароварда, расман кору фаъолияти меҳнатӣ намоянд. Дар ин замина ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишвар қабулкунандаи корӣ бо мақсади амнияти бехатарӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, нусхаи аслиашро дар худ нигоҳ доред. Ҳамзамон, даъват ба амал оварда шуд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ техникаи бехтарӣ, меърҳои муайяншудаи талаботи кории кишвари иқоматро риоя намуда, худ ва ҳамкоронатонро аз оқибатҳои нохуш дар истеҳсолот эмин нигоҳ доред. Ба шаҳрвандон иттилоъ дода шуд, ки дар хориҷи кишвар барои иттилои саривақтии шаҳрвандон сомонаи расмии Намояндагӣ www.tajmigration.ru , саҳифаҳои расмии Намояндагӣ дар шабакаҳои иҷтимоии телеграмм https://t.me/predmintrud_rt_rf , инстаграм, фейсбук ва вконтакти https://vk.com/wall-206318028_23 фаъол мебошанд, ки шаҳрвандон тавассути линкҳои мазкур метавонанд даромада маълумотҳои муҳим ва саривақтиро дастрас намоянд. Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба масъулини Намояндагӣ саволҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дода шуда, ба саволҳои додашуда посухҳои мушаххас гардонида шуд.