Post content
Қайди зисти муваққатии кӯдакон: Вазифаи асосии волидайн Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандоне, ки бо аъзои оилаи худ дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, мерасонад, ки бақайдгирии ҷойи зисти муваққатии фарзанди ноболиғ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои буду боши расмии он ба уҳдаи волидайн буда, тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат нисбат ба ҳолати танзим нашудани раванди мазкур волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои буду бош ноболиғ ва наврасро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ ва миёнаи касбӣ барои таҳсил қабул накарда, хизматрасониҳои давлатии пулакӣ, иштирок дар лагерҳои тобистон, озмунҳои фаннӣ ва соҳавии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва федералӣ низ барояшон маҳдуд мегардад. Қоидаҳои асосии бақайдгирии кӯдакони ноболиғ дар кишвари иқомат: Волидайн ва ё намояндаи қонунии кӯдакони навзод ва навраси то синни 14 сола вазифадоранд, ки фарзандони худро дар манзилии истиқоматие, ки худ дар он зиндагӣ менамоянд, ба қайд бигиранд. Дар ҳолати дар ҷойи истиқоматии худ ба қайд нагирифтани кӯдакони ноболиғ волидайн метавонанд дар асоси боваринамо (доверность) бюа номи соҳибмулк дар дигар суроға кӯдаки ноболиғро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. Ҳуҷҷатҳои лозимаи кӯдаки ноболиғ барои бақайдгирӣ: 1. Шиносномаи хориҷии кӯдакӣ ноболиғ бо тарҷумаи ноториалӣ; 2. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдаки ноболиғ бо тарҷумаи ноториолӣ; 3. Паспорти волидайн бо тарҷумаи ноториолӣ; 4. ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрванди хориҷӣ, ки расман дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ дорад (патент, корти муҳоҷиратӣ, қайди муваққати зист); Усулҳои пешниҳоди хизматрасонӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ: Соҳибмулк метавонад тавассути портали хизматрасониҳои электронии «Госуслуги» шаҳрванди ноболиғи хориҷиро ба қайди муҳоҷиратӣ гузорад; Соҳибмулк метавонад бо яке аз волидайни кӯдаки ноболиғ ба шӯъбаҳои Раёсати муҳоҷиратии идораҳои ҳудудии МВД Россия муроҷиат намояд;