TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #398

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views203Post view count
PostedJul 2007/20/2025, 05:31 PM
Post content

Post content

ТАВАҶҶӮҲ: ҲИФЗИ СОЛИМИИ ШАҲРВАНД - ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумот мерасонад, ки барои шаҳрвандонамон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, лозим аст, ки суғуртаи тиббиро ба даст оварда, мутазам саломатии худро санҷиш карда, ваъзи ҷисмонии худро солим нигоҳ доранд. Иттилоъ медиҳем, ки вақтҳои охир бемориҳои гуногуни сироятӣ дар гушаҳои гуногуни дунё хуруҷ намуда истода, ба вазъи саломатии ҳар як сокини сайёра хатар эҷод намуда, ҳолати эпидемиявиро ба вуҷуд оварда истодааст. Ҳифзи саломатии ҳар шаҳрванд воситаи ҳимояи ҷомеа аз хатару таҳдидҳои нави сироятӣ мебошад. Мувофиқи қонунгузории кишвари иқомат ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки муваққатан дар Россия қарор дорад (аз ҷумла бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ), уҳдадор аст, ки яке аз ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад: ➡ полиси ихтиёрии суғуртаи тиббӣ (ДМС); ➡ шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои пулакии тиббӣ; ➡ полиси ҳатмии суғуртаи тиббӣ (ОМС). Полиси ДМС-ро, ки шаҳрвандони хориҷӣ имконияти дастрас кардан доранд, метавон дар ширкати суғуртавӣ ё тавассути портали “Хизматрасониҳои давлатӣ” (Госуслуги) ба расмият дароваранд. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи гирифтани полиси ДМС-ро доранд. Гирифтани полиси ДМС шартномавӣ буда, арзиши он вобаста ба барномаи суғуртавӣ аст, яъне он хизматрасониҳое, ки тибқи полис дастрас мегарданд. Шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои пулакии тиббӣ низ ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқ медиҳад, ки бар асоси шартҳо ва маблағи муайян, ки дар шартнома нишон дода шудаанд, аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода барад.