Post content
Вохурӣ бо ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург ва фаъолони ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск 21 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Москва, дар бинои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, вохурӣ бо ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Екатеринбург Умаров Ёқубҷон Алуевич ва фаъолони ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск баргузор гардид. Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия иқомат доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зарурати ташвиқу тарғиби доимии аҳамияти иштироки шаҳрвандон дар рушди ҳамаҷонибаи Ватан, анҷом додани корҳои пешгирикунанда миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва суханронӣ дар назди донишҷӯёни тоҷикистонӣ оид ба аҳамияти таҳсили босифат ва истифодаи дониш ба манфиати кишвар таъкид гардид. Масъалаи ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар вилояти Свердловск низ баррасӣ шуд. Дар ин замина аҳамияти нигоҳ доштани робитаи доимӣ бо Ватан – Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа зикр гардид. Ҳамчунин, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо дар кишварҳои иқомат зикр гардиданд. Вохурӣ дар фазои дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи созандаи таҷриба ҷиҳати корҳои машваратӣ ва тарғиби арзишҳои ватандустӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанд, баргузор гардид.