TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #401

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views352Post view count
PostedJul 2207/22/2025, 03:30 PM
Post content

Post content

ҶАСОРАТИ ТОҶИКОН БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ ДИГАРОН 21 июли соли 2025 вохӯрии масъулини Намояндагӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ: Зикиллоев Беҳрӯз Раҳматуллоевич, Саидов Исломҷон Исматуллоевич, Зикиллоев Фурқат Раҳматуллоевич, Шодиев Шаҳбоз Хайриддинович ва Достакзода Зафар Раҳматулло, ки 12 июли соли ҷорӣ дар обанбори шаҳри Истраи вилояти Москва ҷасорату далерӣ нишон дода, панҷ нафар аъзои як оиларо аз вартаи ғарқшавӣ наҷотдода буданд, баргузор гардид. Зимни вохури масъулини Намояндагӣ барои шуҷоату матонат, далериву ҷасурӣ, ҳисси баланди инсондӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, амалкарди онҳоро намунаи олии ибрат барои насли ҷавони кишвар номиданд. Зикр гардид, ки масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як нафар аст, ки дар ҳолати руҳ додани ҳодисаву воқеаҳои нохуш, ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои табиӣ ба дигарон дасти кумак дароз намуда, зарур аст, ки дар хориҷи кишвар бо амалҳои накукорӣ ва шуҷоату ҷавонмардӣ миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Мавриди зикр аст, ки дар Федератсияи Россия тоҷикон дар ҳолатҳои гуногуни сар задани ҳодисаҳои нохуш, офатҳои табиӣ шаҳрвандони кишвари иқоматро наҷот дода, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ҷони худро аз даст додаанд. Шоистаи зикр аст, ки ёрӣ ва кӯмаки ҳамватанон дар Федератсияи Россия аз ҷониби сокинони маҳаллӣ хуб истиқбол гардида, аз ҷониби мақомоти давлатии кишвари иқомат бо сипоснома ва медалҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар анҷоми вохӯрӣ, барои ҷасорат ва қаҳрамонии шаҳрвандон Намояндагӣ ба онҳо изҳори миннатдорӣ баён намуда, бо сипоснома қадрдонӣ намуд.