Post content
МАЪЛУМОТИ МУҲИМ БАРОИ САФАР БА РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст. Намояндагӣ инчунин хотиррасон менамояд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд. Тартиби сабт дар замимаи мобилии ruID ихтиёрӣ буда, ба хориҷиён имкон медиҳад, ки пеш аз сафар маълумоти муҳимро оид ба сафари худ пайдо кунанд, инчунин мавҷудият ё набудани маҳдудиятҳоро дар бораи вуруди худ ба Федератсияи Россия пеш аз сафар муайян намоянд.