Post content
31 РӮЗИ ДИГАР: РАВАНДИ БА РАСМИЯТДАРОРИИ БУДУ БОШИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ИДОМА ДОРАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистан дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, танҳо 31 рӯзи дигар барои танзими мақоми ҳуқуқии худ ё хориҷ шудан аз қаламрави Россия дар ихтиёр доранд. Дар акси ҳол, нисбати онҳо чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Россия дар оянда пешбинӣ гардидааст ва ё ин ки зарур аст то 10 сентябри соли 2025 қаламрави Федератсияи Россияро тарк намоянд. Хотиррасон менамоем, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 декабри соли 2024, №1126, ва тағийрот ба фармони мазкур аз 28 апрели солит 2025, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд имконият медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад. Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Россия, шаҳрвандони зикршуда бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ муроҷиат намоянд ба: 1. Ҳар як филиали ФГУП «ПВС» ВКД Россия (дар ҷои иқомати воқеӣ); 2. МБМ «Сахарово»-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Москва иқомат доранд); 3. Наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия (дар ҳолати дурии ҷуғрофӣ аз ин ташкилотҳо, дар ҳолатҳои душвор ё зарурати гирифтани машварати ҳуқуқӣ бевосита аз кормандони пулис). Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт метавонанд ба Намояндагӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоянд: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68; 2.Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53; 3.Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4.Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ; 5.Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11; 6.Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48. 7. Роҳбари ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск +7 (909) 809‑55‑48 8. Намоянда дар минтақаи Урал, ш. Екатеринбург +7 (916) 555-74-97