Post content
Манъи парвариш, нигоҳдорӣ ва интиқоли баъзе намудҳои растаниҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи Федератсияи Россия, парвариш, нигоҳдорӣ ва интиқоли як қатор намудҳои растаниҳо, ки дорои моддаҳои нашъаовар ё психотропӣ мебошанд, манъ карда шудааст. Имрӯз дар қаламрави Федератсияи Россия 19 намуди растаниҳо таҳти назорати давлатӣ қарор дошта, барои парвариши ин растаниҳо тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ҷавобгарӣ муқаррар шудааст. Намудҳои манъшуда ё номатлуб дар Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия, ки аз 7 феврали соли 2024 № 135 зикр гардидаанд: «Дар бораи тасдиқи рӯйхати растаниҳо, ки дорои маводи нашъаовар ё моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо мебошанд ва бояд таҳти назорат бошанд». Рӯйхати 10 растании манъшуда, ки дар заминҳои кишоварзӣ ва боғҳои Россия ба назар мерасанд: 1. Лотуси кабуд (кувшинка кабуд) — растании обии оилаи кувшинкагулҳо бо гулҳои зебои ранги кабуд. Дар таркибаш алкалоидҳо дорад ва ҳангоми истеъмол таъсири сабуки галлюциногенӣ мебахшад. 2. Ипомеяи сесабза (Ipomoea tricolor) — токмонанди яксола бо гулҳои калони рангобаранги диданӣ, ки бисёриҳо онро ҳамчун ороишӣ парвариш мекунанд. Дар тухмаш моддаҳои нашъаовари галлюциногенӣ мавҷуданд. 3. Конопляи киштӣ (Cannabis sativa) — барг ва гули он дорои каннабиноидҳо мебошанд, ки ба рӯҳия ва эҳсоси инсон таъсир мерасонанд, хоболудӣ ё баръакс ҳаяҷонро ба вуҷуд меоранд. Парвариши конопляи техникӣ ё ғизоӣ таҳти танзими шадиди давлатӣ қарор дорад. 4. Шалфейи пешгӯён (Salvia divinorum) — дорои моддаи психоактивии салвинорин мебошад. 5. Маки хобовар (Papaver somniferum) — шираи ширинаки он дорои опиатҳо — маводи нашъаовари пурқувват мебошад, ки вобастагии ҷисмонӣ ба вуҷуд меоранд. 6. Розаи гавайӣ (Argyreia nervosa) — ё худ Аргиреяи асабдор, дорои алкалоидҳост, ки ҳангоми истеъмол метавонанд галлюцинация, тағйироти дар шуур ва таъсири номатлуб ба вуҷуд оранд. 7. Турбинаи сипаршакл (Turbina corymbosa) — тухмаш дорои моддаҳои психоактивӣ буда, дар байни аҳолии бумии Амрико чун воситаи галлюциногенӣ истифода мешуд. 8. Эфедра (Ephedra) — маъруф бо номи "малинаи саҳроӣ" ё "алафи Кузмич", дорои алкалоиди эфедрин мебошад, ки фаъолияти асабро таҳрик медиҳад. Маводи мазкур аз сабаби истифодааш дар истеҳсоли маводи мухаддири метамфетамин манъ шудааст. 9. Петрушкаи мӯйнок (Petroselinum crispum) — худи растании сабзи он барои парвариш иҷозат дода шудааст, вале дар қабати тухми он моддаи психоактивии миристицин мавҷуд аст, ки барои истеҳсоли амфетаминҳо истифода мешавад. Барои харид ва нигоҳдории тухми петрушкаи мӯйнок бо ҳадафи коркард низ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст. 10. Ҳазориспанд ё ин ки Гармала (Peganum harmala) — растанӣ аст, ки алкалоидҳо ба монанди гармалин ва гармин дорад, ки хусусиятҳои психоактивӣ доранд. Ин растанӣ барои воридот, муомилот ва истеъмол дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ шудааст. Илова ба растаниҳои болозикршуда, хабар медиҳем ки инчунин Нос (Насвай, тамокуи сабз) - истеҳсол ва фурӯши он, аз ҷумла савдои яклухт ва чакана, манъ аст. Воридоти насвай барои истифодаи шахсӣ иҷозат дода шудааст, вале на бештар аз 250 грамм. Мувофиқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, парвариши ғайриқонунии растаниҳои нашъаовар ё психотропӣ бо ҳаҷми зиёд бо ҷазои то 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таҳти таъқиб қарор мегирад. Ҳамчунин, барои парвариши миқдори ками ин растаниҳо ҷазои маъмурӣ дар назар дошта шудааст — ҷарима ё ҳабси маъмурӣ. Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, тавсия медиҳад, ки аз парвариш ва истифодаи ҳама гуна растаниҳое, ки метавонанд зери манъи қонунгузорӣ бошанд, худдорӣ намоянд, то аз оқибатҳои ҳуқуқӣ эмин монанд. Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва +7 (999) 912- 58-68 (WhatsApp) муроҷиат намоед.