TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #444

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views208Post view count
PostedAug 2008/20/2025, 07:02 PM
Post content

Post content

ДАР НОВОСИБИРСК БА МУҲОҶИРОН ТАВСИЯ ВА МАШВАРАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДОДА ШУД 19 августи соли ҷорӣ мусъулини Намояндагӣ аз ҷараёни сохтмони мактаби миёна дар шаҳри Новосибирск боздид намуда, бо гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки шаҳрвандон дар ширкати сохтмонии соҳибкори инфиродӣ - ИП «Низомиддин Мавлавиев» фаъолияти меҳнатӣ дошта, зимни боздид масъалаҳои вобаста ба шароити корӣ, зист ва таъминоти моддиву молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Роҳбари ширкат, Низомиддини Билол, соҳибкори муваффақи тоҷик буда, солҳои тӯлонӣ дар соҳаи сохтмон фаъолият менамояд. Айни ҳол ширкат дар беш аз панҷ иншооти сохтмонии вилояти Новосибирск кор мебарад, ки зиёда аз 90 фоизи кормандони онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ҳамаи кормандон мутобиқи қонунгузории кишвари иқомат фаъолият менамоянд. Дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбари ширкат масъалаи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатӣ дар Россия баррасӣ гардид. Тибқи натиҷаҳои гуфтушунид, роҳбарияти ширкат омодагӣ изҳор намуд, ки дар ҳолати мавҷуд будани хоҳишмандон маблағи роҳкиро аз Тоҷикистон то Россияро ҷудо намуда, инчунин дар самти таъмини ҷойи истиқомат ва қонунигардонии ҳузури муҳоҷирон мусоидат хоҳад кард. Мулоқот дар фазои самимӣ баргузор шуда, ба саволу ҷавобҳои зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ масъулини Намояндагӣ посух ва масъалаҳои муҳимро шарҳу тавзеҳ доданд. Аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват гардид, ки барои дарёфти маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон ба масъулини Намояндагӣ дар тамос шаванд.