TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #448

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views349Post view count
PostedAug 2508/25/2025, 03:05 PM
Post content

Post content

Мулоқот оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва шароити меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва Намояндагӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 25 августи соли ҷорӣ вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва баргузор гардид. Муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкати пудратии ҶДММ «Гарант-Проект» таҳти роҳбарии муҳандис Наҷмиддинов Шокир Қодирович фаъолият дошта, дар сохтмони бинои нави маъмурӣ, воқеъ дар шаҳри Москва, кӯчаи Стахановская, хонаи 22, сохтмони 2 фаъолияти меҳнатӣ доранд. Дар ҷараёни вохӯрӣ таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои огоҳии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон дода шуд. Муҳоҷирон оид ба зарурати риояи ҳатмии қонунгузории Федератсияи Россия, қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар ҷойҳои корӣ, инчунин меъёрҳои беҳдоштӣ, ки мустақиман ба ҳифзи саломатӣ таъсир мерасонанд, хотиррасон карда шуданд. Ҳамзамон, оид ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ огоҳонида шуда, ба иштирокчиён хавфҳои эҳтимолии истифодаи манбаъҳои шубҳаноки интернетӣ шарҳ дода шуд ва онҳоро аз хатари ҷалб шудан ба гурӯҳҳои харобкор ва ташкилотҳои номатлуб ҳушдор гардонида шуданд. Кормандони Намояндагӣ ҳамчунин шароити кори муҳоҷиронро аз назар гузаронида, ба масъалаи иҷрои уҳдадориҳои корфармоён дар самти пардохти саривақтии музди меҳнат ва риояи дигар шартҳои шартномаи меҳнатӣ таваҷҷӯҳ карда шуд. Илова бар ин, шаҳрвандон оид ба аҳамияти бастани шартномаи меҳнатӣ пеш аз оғози фаъолияти корӣ маълумот гирифтанд. Кормандони Намояндагӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки муҳлати амали Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126, пас аз понздаҳ рӯз ба анҷом мерасад. Дар робита ба ин, шаҳрвандон ба таври ҷиддӣ тавсия гирифтанд, ки масъалаҳои вобаста ба қонунии будубоши худ дар қаламрави кишварро дар фурсатҳои наздиктарин ҳал намоянд, то ки аз оқибатҳои ҳуқуқии эҳтимолӣ ҷилавгирӣ карда шавад. Дар рафти гуфтугӯ муҳоҷирон як қатор саволҳои амалӣ, аз ҷумла дар бораи хусусиятҳои истифодаи замимаи ruID, инчунин кори замимаи нави «Амина», ки оғози фаъолияташ аз 1 сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, матраҳ намуданд. Ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои муфассал дода шуда, иштирокчиён маслиҳатҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии марбут ба иқомат ва фаъолияти меҳнатии худ дар Федератсияи Россия гирифтанд. Дар вохӯрӣ инчунин таъкид гардид, ки дар сурати иҷро нашудани шартҳои шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён, шаҳрвандон метавонанд ҳамеша ба Намояндагӣ муроҷиат намуда, кӯмаки ҳуқуқӣ ва мусоидат барои гирифтани музди меҳнат аз ҳисоби корфармоёнро дарёфт намоянд. Дар анҷом муҳоҷирони меҳнатӣ аз кормандони Намояндагӣ барои таваҷҷуҳи зоҳиргардида, иттилооти муфид ва дастгирии расондан изҳори миннатдорӣ намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро барои фаъолияти меҳнатӣ ва ҳаёти ҳаррӯзаи худ дар кишвари қабулкунанда таъкид намуданд.