TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Post content
Post content
Таҷлили ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Москва Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори таҷлили 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар медиа-фасадҳои биноҳои баладошёнаи шаҳри Москва ва фурудгоҳҳои шаҳри Москва, аз ҷумла фурудгоҳи Домодедово ва Внуково Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Ҳамчунин, бегоҳи рӯзи 9 сентябри соли ҷорӣ дар хиёбони Арбат ба ифтихори ин санаи фархунда Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.