TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #457

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views227Post view count
PostedAug 2908/29/2025, 11:34 AM
Post content

Post content

ДАР МОСКВА ВА ВИЛОЯТИ ОН ТАРТИБИ НАВИ ҚАЙДИ МУҲОҶИРАТӢ БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷиратба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он муваққатан кор ва фаъолият доранд, мерасонад, ки аз 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Москва ва вилояти он тартиби нави ба қайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, ҷорӣ карда мешавад. Иттилоъ медиҳем, ки шаҳрандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меоянд вазифадоранд, ки худ ва аъзои оилаи худро бо тартиби нави қонунгузорӣ ба қайди зисти муваққатӣ гузоранд. Вобаста ба ин шаҳрвандонро лозим аст, ки ҷиҳати дарёфти маълумот оид ба масъалаи мазкур ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии шаҳри Москва “Сахарово” ё ба шӯъбаҳои ҳудудии Раёсати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР муроҷиат намоянд. Мавриди зикр аст, ки аз 1 сентябри соли 2025 насби барномаи мобилии «Амина» барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Москва ва вилояти он ҳатмӣ гардида, барномаи мазкур барои сабти маълумотҳои рақамии шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то давраи муайян дар шакли пешинаи ҳуҷҷатгузорӣ ҷойи зисти муваққатии худро ба қайд гирифтаанд, пас аз анҷоми ёфтани муҳлати қайди зист, тавассути барномаи мазкур ҷойи зисти худро аз нав ба қайд мегиранд. Истифода накардани барномаи мазкур ва сабт накардани ҷойи зисти муваққатӣ тавассути ин барномаи мобилӣ, ҳамчун вайронкунии қоидаҳои муҳоҷиратӣ ҳисобида шуда, метавонад, боиси ҷавобгарии маъмурӣ, то ихроҷ аз ҳудуди Федератсияи Россия ва манъи воридшавии такрорӣ гардад. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо тавсия дода мешавад, ки пешакӣ шароити иқоматро муайян намуда, тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд ва дар ҳолати пайдо шудани саволҳо барои тавзеҳот ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ё ба шӯъбаҳои ҳудудии мақомоти муҳоҷиратии Россия муроҷиат намоянд.