Post content
📢Маълумоти муҳим барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикстон расонида мешавад, ки дар асоси Қонуни Федератсияи Россия № 274 ФЗ аз 1 июли 2021 соли "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Федералӣ "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия" ва Қонуни Федералӣ "Дар бораи бақайдгирии давлатӣ – дактилоскопӣ дар Федератсияи Россия", ки аз 29 декабри 2021 сол ба иҷро даромад, фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ аз синни 6 сола вазифадоранд тартиби дактилоскопия (супоридани изи ангуштон) ва аксбардориро гузаранд. Ҳамзамон, мувофиқи Қонуни Федералии Федератсияи Россия аз 18.07.2006, № 109-ФЗ, моддаҳои 20-22 «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Россия», шаҳрвандони хориҷӣ, *аз ҷумла кӯдакони ноболиғ*, уҳдадоранд, ки дар қаламрави Россия ба қайди ҷойи иқомат гузошта шаванд. Агар *кӯдак* ҳамроҳи падару модар ё намояндагони қонунии худ ворид гардад, ӯ дар ҳамон суроғае ба қайд гирифта мешавад, ки падару модар (ё намояндаи қонуниаш) сабт шудааст. Ҳамаи амалҳои зарурӣ барои гузоштани кӯдак ба қайди муҳоҷиратиро падару модар ё намояндагони қонунии ӯ иҷро мекунанд. ❗️ Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи бақайдгирии муҳоҷиратӣ метавонанд чораҳои масъулияти маъмурӣ татбиқ шаванд: ҷаримаҳои маъмурӣ, ва дар ҳолатҳои ҷудогона — хориҷ намудан (депортатсия) аз қаламрави Федератсияи Россия.