TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #500

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views154Post view count
PostedOct 510/05/2025, 02:46 PM
Post content

Post content

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мешаванд. «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Табрикоти самимии маро ба муносибати Зодрӯзатон қабул фармоед. Шумо бо фаъолияти худ чун роҳбари давлат ба эҳтироми самимии ҳамватанон ва хориҷ аз кишвар ба обрӯи баланд ноил гардидаед. Зери роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ комёбиҳои назаррас ба даст оварда, пайваста мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам карда истодааст. Шумо дар тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни кишварҳоямон саҳми шахсии бузург доред. Ва мо, албатта, кори фаъоли муштаракро оид ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ идома хоҳем дод. Бовар дорам, ки муоширати дарпешистодаи мо дар Душанбе созанда ва босамар хоҳад буд, ба густариши минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои барои Россияву Тоҷикистон судманд, ҳамчунин, таҳкими Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат хоҳад кард. Ба Шумо сиҳатмандии бардавом, саодатмандиву рифоҳ ва дастовардҳои нав хоҳонам». Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин