TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #501

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views126Post view count
PostedOct 710/07/2025, 11:32 AM
Post content

Post content

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 07.10.2025 https://president.tj/event/news/53071 7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Русия муҳтарам Владимир Путинро ба муносибати Зодрӯзашон сидқан табрик намуда, таманниёти беҳтарину самимии худро иброз доштанд. Дар идомаи суҳбат Сарвари давлати мо саҳми шоёни назари муҳтарам Владимир Путинро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид карданд. Сарони ду кишвар дар ҷараёни суҳбати дӯстона аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи ин раванд истиқбол намуданд. Ҳамзамон, рӯзномаи мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаи сатҳи олӣ, ки дар Душанбе доир мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#СуҳбатиТелефонӣ#ТелефонныйРазговор#PhoneTalks#Русия#Россия#Russia