Post content
17 октябри соли 2025 дар масҷиди марказии шаҳри Калуга вохӯрии кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ба ҳозирин оид ба аҳамияти риояи қонунҳои кишвари иқомат, зарурати бастани шартномаи меҳнатӣ пеш аз оғози фаъолият, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва сари вақт пешниҳод намудани огоҳиномаҳо ба мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русия маълумот дода шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки шаҳрвандон бояд аз ашхоси шубҳанок, ки кӯшиш мекунанд табақаҳои осебпазир, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатиро ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоянд, эҳтиёт бошанд. Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба ҳамаи саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд ва аз ташкили вохӯрӣ ба кормандони Намояндагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.