Post content
Ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳо дар Федератсияи Россия чӣ бояд кард? Шумо — шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед, ки дар Россия кор мекунед ва ҳуҷҷатҳои худро гум кардед. Муҳим аст, ки зудтар амал кунед, то аз ҷарима, ихроҷ шудан ё мушкилоти дигар пешгирӣ намоед. Гум кардани ҳуҷҷат худ аз худ сабаби ихроҷ ё бекоршавии иҷозатномаи корӣ намешавад, вале оҷилан барқарор кардани он барои будубоши қонунӣ дар Россия зарур аст. Барои барқарор кардани шиноснома — ба Консулгарии наздиктарини Тоҷикистон муроҷиат кунед; барои дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ ё корӣ — ба Раёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия (УВМ ГУ МВД России) ё маркази муҳоҷиратии наздиктарин муроҷиат намоед. Муҳоҷири меҳнатӣ ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳо (шиносномаи хориҷӣ, корти муҳоҷиратӣ, патент ё дигар ҳуҷҷат) дар Россия корҳои зеринро бояд анҷом диҳад: Қадамҳои аввал 1. Фавран ба шуъбаи полис хабар диҳед • Ба шуъбаи наздиктарини полис (ОМВД России) дар ҷое, ки ҳуҷҷат гум шудааст, муроҷиат кунед. • Ариза дар бораи гум шудан ё дуздӣ шудани аснод нависед. Ба шумо маълумотнома (талон-уведомление / справка) бобати қабули аризаатон медиҳанд — ин ҳуҷҷати асосӣ барои қадамҳои минбаъда аст. • Агар корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) гум шуда бошад, дар ариза маълумоти вурудатонро ба Федератсияи Россия нависед (муҳр дар шиноснома, агар боқӣ мондааст). • Муҳлат: беҳтараш ҳамон рӯзи гум кардани ҳуҷҷат муроҷиат кунед. 2. Агар шиносномаатонро гум кардед, бо маълумотномае, ки аз шуъбаи полис гирифтед, ба наздиктарин консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи қарордоштаатон муроҷиат кунед. • Консулгарӣ барои барқарор кардани шиносномаи хориҷӣ кӯмак мекунад. • Ҳуҷҷатҳои лозима: o Ариза (дар консулгарӣ пур мешавад) o Маълумотнома аз полис ҳамчун тасдиқи муроҷиат оиди гумшавии ҳуҷҷат o акси 3,5×4,5 см (2 дона) o Нусхаи дигар ҳуҷҷатҳо (агар бошанд: нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон ва ғ.) o Пардохти боҷи давлатӣ • Муҳлат: барқароркунии шиноснома аз 2 ҳафта то 2 моҳ, вобаста ба навбат • Ҳуҷҷати муваққатӣ: o “Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан” — ҳуқуқи сафар ба ватан ( бозгашт), бо эътибори як моҳа. Дар як руз омода мешавад. • Суроға ва тамосҳои консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия: Хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Маскав 📍 121069, ш. Москва, кӯчаи Скатертний, 19 📞 +7 (985) 740-02-12 📧 [email protected] Маълумот аз соати 14:00 то 16:00 (душанбе–ҷумъа) Консулгарии генералии ҶТ дар Санкт-Петербург 📍 191024, ш. Санкт-Петербург, кӯчаи Черняховского 65. 📞 +7 (812) 490-47-46 📧 [email protected] 🌐www.tajgenconsspb.ru Консулгарии генералии ҶТ дар Уфа 📍 ш. Уфа, кӯчаи Цурюпы 149 📞 +7 (347) 276-52-96 📧 [email protected] 🌐mfa.tj/ufa Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург 📍 620107, ш. Екатеринбург, кӯчаи Гражданская, 2А 📞 +7 (343) 370-23-60 📧 [email protected] 🌐mfa.tj/yekaterinburg Консулгарии генералии ҶТ дар Новосибирск 📍 ш. Новосибирск, кӯчаи Дзержинский, 20 📞 +7 (383) 305-44-61, +7 (383) 305-44-63 📧 [email protected] 🌐mfa.tj/novosibirsk 3. Барқарор кардани ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ • Ба шӯъбаи (ОВМ МВД) (шуъбаи муҳоҷират) дар маҳалли зист ё МБМ (Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ) муроҷиат кунед. • Барои корти муҳоҷиратӣ: ариза, нусхаи шиноснома ва маълумотнома аз полис пешниҳод кунед. • Барои бақайдгирӣ: агар муҳлати бақайдгирӣ гузашта бошад, бо кумаки соҳиби манзил худро дубора ба қайд гузоред. Лозим аст: шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, расиди пардохти андоз аз патент, шартномаи иҷора. • Барои патенти корӣ: дар ҷое, ки патент гирифтед, ариза нависед ва расидҳои (квитансия) пардохтро (агар бошад) замима кунед. Патенти гумшуда бекор мешавад ва нусхаи нав дода мешавад. • Муҳимот: бе ҳуҷҷат кор кардан манъ аст. Корфармо метавонад рухсатии 30-рӯза диҳад, то ҳуҷҷатҳоро барқарор кунед. 4. «Корти сабз» — ҳуҷҷати ҳатмии муҳоҷири меҳнатӣ • Корти сабз (ҳуҷҷате, ки сабти изи ангушт, акс ва муоинаи тиббиро тасдиқ мекунад) барои ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмист.