Post content
ҶОЙҲОИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки Муассисаи буҷетии давлатии «Жилишники ноҳияи Зюзино»-и шаҳри Москва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кори доимӣ даъват менамояд. Зимни фаъолияти меҳнатӣ дар муассисаи давлатии мазкур корфармо тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро таъмин намуда, шароити арзандаро дар раванди фаъолияти меҳнатӣ фароҳам овардааст. Корфармо барои довталабон вазифаҳои холии зеринро пешбарӣ менамояд. Ҷорӯбкаш (дворник) — аз 85 000 рубл Бомпӯш (кровельщик) — аз 105 000 рубл Роҳсоз (дорожный рабочий) — аз 85 000 рубл Фаррош (уборщица) — аз 41 000 рубл Талабот барои довталабон: Доштани иҷозатномаи расмии фаъолияти меҳнатӣ (патент) ва дигар ҳуҷҷатҳои талаботи қонунгузории амалкунандаи муҳоҷирати Федератсияи Россия. Барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар муассисаи мазкур фаъолият кардан мехоҳанд, корфармо бақайдгирии расмии шартномаи меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Федератсияи Россия, пардохти саривақтии музди меҳнат (2 маротиба дар як моҳ бо имкони гирифтани мукофотпулӣ), таъмини ҷойи хоб (хобгоҳ), таъмини либоси махсуси кориро фароҳам меоварад. Довталабон метавонанд барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба суроғаи шаҳри Москва, булвари Симферопол, хонаи 16, бинои 1 ё тавассути телефони шахси масъул Антон Юревич Пошешулин +7 (495) 318-86-36 дар тамос шаванд.