TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Post content
Post content
ДАР ҲОЛАТИ ПЕШ ОМАДАНИ МУШКИЛОТ БА МАҚОМОТИ РАСМӢ МУРОҶИАТ НАМОЕД Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилот дар самти муҳоҷиратӣ ба мақомоти дахлдори давлатии қабулкунандаи қувваи корӣ ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед. Ба миёнаравҳо ва шахсони алоҳида бовар накунед.