TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #791

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views260Post view count
PostedJan 401/04/2026, 09:07 PM
Post content

Post content

ҶОЙИ КОРИ МУВОФИҚ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки корфармоёни зерин дар ҳудуди Федератсияи Россия ба кормандони пурмасъул ва меҳнатдӯст ниёз дошта, аз руи касбу кори гуногун мансабҳои маъмурии холиро эълон намудаанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷуи кори муносиб мебошад, метавонанд барои фаъолият ба рақамҳои дар зербуда ба ширкатҳои мазкур дар тамос гарданд. Ҷамъияти саҳҳомии (АО) «Аякс Инжиниринг» Ҷойи кор: вилояти Амур, ноҳияи Свободненский Вазифаи холӣ: коргарони умумӣ (ёрдамчиён) – аз 130 000 рубл Маълумот барои тамос: 89858923203, 89771305941, Алимова Ирина Шароит: ҷойи хоб, пардохти патент, ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирӣ ва ҳатто парвоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон то ноҳияи Свободненский аз ҳисоби корфармо