TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #828

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views1,020Post view count
PostedJan 2701/27/2026, 02:21 PM
Post content

Post content

ИСТИФОДА ВА ИНТИҚОЛИ ҲАЗОРИСПАНД ДАР РОССИЯ ҶИНОЯТ МАҲСУБ МЕЁБАД. Намояндагӣ ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар Федератсияи Россия истифода ва интиқоли растании гармала (исирик, ҳазориспанд) қатъиян манъ мебошад. Гармала (ҳазориспанд) ва моддаи фаъоли он — гармин — мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба моддаҳои нашъадор мансуб дониста мешаванд. Ворид кардан, харидан, нигоҳ доштан, интиқол додан, фурӯхтан, истифода бурдан ва тарғиб намудани гармала манъ аст. Барои гардиш ва истифодаи ғайриқонунии гармала тибқи моддаҳои 6.8 ва 6.9 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ФР, инчунин моддаҳои 228 ва 228.1 Кодекси ҷиноятии ФР, ҷарима, ҳабси маъмурӣ, барои шаҳрвандони хориҷӣ — ихроҷ аз қаламрави Федератсияи Россия ва дар ҳолатҳои вазнин — маҳрумият аз озодӣ то ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст. Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонунҳои Федератсияи Россияро қатъиян риоя намоянд.