TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #836

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views688Post view count
PostedJan 3101/31/2026, 02:54 PM
Post content

Post content

ТАБРИКОТ БАХШИДА БА ҶАШНИ САДА Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамаи ҳамватанони гиромӣ ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни Сада самимона табрик менамояд. Ҷашни Сада ҳамчун рамзи нур, гармӣ, умед ва оғози омодагӣ ба баҳор, аз умқи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик сарчашма гирифта, арзишҳои меҳнатдӯстӣ, созандагӣ ва ҳамбастагии мардумро таҷассум менамояд. Ин ҷашн моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон раҳнамун месозад. Ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, файзу баракат, муваффақият дар фаъолият, осоиштагӣ дар зиндагӣ ва сарбаландӣ дар роҳи меҳнату заҳмат орзу менамоем. Бигзор нури Сада қалбҳоро гарм намуда, дар рӯзгори ҳар хонадон хушбахтӣ ва умеди нав оварад. Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират