TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #837

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views853Post view count
PostedFeb 302/03/2026, 11:30 AM
Post content

Post content

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ШУД Имрӯз, 3 юми феврали соли 2026 нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, мудири шуъбаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ, муовини якуми вазир, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, сардорони Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, директорони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои давлатии низоми вазорат ва 55 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд. Дар нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО саволҳо доир ба ҳамаи самтҳои фаъолияти вазорат пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони вазир, роҳбарони хадамотҳо ва Агентиву муассисаҳои низоми вазорат посухҳои мушаххас доданд.