Post content
Фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия таҳти № 34 аз 4 феврали соли 2025 Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки тибқи фармони Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия аз 4 феврали соли 2025 таҳти № 34, дар Метрополитени шаҳри Москва ҳангоми зарурат, иловатан ба чораҳои амалкунандаи амнияти нақлиётӣ, санҷиши телефонҳои мобилии мусофирон метавонад татбиқ карда шавад. Бо назардошти ҳолати мазкур, ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя намуда, дар сурати гузаронидани санҷиш аз ҷониби хадамоти амнияти метрополитен, ба кормандони масъул дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо монеа эҷод накунанд. Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки тибқи фармони зикршудаи Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия, санҷиши дастгоҳҳои аудиоӣ ва видеоӣ, телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ тавассути фаъол гардонидан ва санҷиши қобилияти кории онҳо анҷом дода мешавад. Приказ Министерства транспорта Российской Федерации № 34 от 4 февраля 2025 года Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан по миграции доводит до сведения граждан Республики Таджикистан, что в соответствии с приказом Министерства транспорта Российской Федерации от 4 февраля 2025 года № 34 в Московском метрополитене, при необходимости, может применяться досмотр мобильных телефонов пассажиров в дополнение к действующим мерам транспортной безопасности. В связи с изложенным настоятельно рекомендуем гражданам Республики Таджикистан соблюдать законодательство страны пребывания и, в случае проведения проверки, не препятствовать сотрудникам службы безопасности метрополитена в исполнении ими своих служебных обязанностей. Также сообщаем, что согласно вышеуказанному приказу Минтранса РФ, досмотр аудио- и видеотехники, мобильных телефонов и персональных компьютеров осуществляется путем их включения и проверки работоспособности.