TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #847

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views723Post view count
PostedFeb 1002/10/2026, 09:02 AM
Post content

Post content

*Вохӯрии кории ҳайати намояндагии мақомоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Раёсати муҳоҷирати ВКД-и Федератсияи Россия дар вилояти Омск* 9 феврали соли 2026 дар шаҳри Омск, вохӯрии корӣ миёни ҳайати намояндагии мақомоти дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск таҳти роҳбарии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, хонум Исмоилзода Зарина, бо роҳбари Раёсати муҳоҷирати ВКД-и Федератсияи Россия дар вилояти Омск, полковники пулис Емелянов Константин Дмитриевич, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед, муовини роҳбари Раёсати хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Федератсияи Россия дар вилояти Омск Голикова Ирина Владимировна, инчунин намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар вилояти Омск Генова Елена Васильевна иштирок намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои марбут ба таҳсил ва омӯзиши донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилояти Омск зиндагӣ менамоянд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Вохӯрӣ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии стратегӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва густариши он дар самтҳои афзалиятнок изҳор намуданд. *Рабочая встреча делегации дипломатического ведомства Республики Таджикистан с руководством Управления по вопросам миграции МВД России по Омской области* 9 февраля 2026 года в городе Омск, состоялась рабочая встреча делегации дипломатического ведомства Республики Таджикистан в городе Новосибирске во главе с Генеральным консулом Республики Таджикистан в г. Новосибирске госпожой Исмоилзода Зариной с руководителем Управления по вопросам миграции МВД России по Омской области, полковником полиции Емельяновым Константином Дмитриевичем. В мероприятии также приняли участие Представитель Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Западно-Сибирском федеральном округе Мирзозода Хуршед, заместитель руководителя Управления по вопросам миграции МВД России по Омской области Голикова Ирина Владимировна, а также представитель Министерства иностранных дел Российской Федерации в Омской области Генова Елена Васильевна. В ходе встречи были обсуждены актуальные вопросы двустороннего сотрудничества, защиты прав и законных интересов трудовых мигрантов — граждан Республики Таджикистан, а также вопросы, касающиеся образования и обучения студентов Республики Таджикистан, проживающих на территории Омской области. Встреча прошла в духе взаимопонимания и стратегического партнёрства, стороны выразили готовность к дальнейшему развитию взаимодействия и расширению сотрудничества по приоритетным направлениям.