TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #851

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views617Post view count
PostedFeb 1102/11/2026, 01:23 PM
Post content

Post content

Мулоқот бо шаҳрвандон дар шаҳри Омск 9 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Омск мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск Исмоилзода Зарина бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилояти Омск зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, баргузор гардид. Дар ин мулоқот инчунин Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед иштирок намуд. Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, аз ҷумла риояи қонунгузории меҳнат, шароити кор ва пардохти музди меҳнат, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ, инчунин тартиби муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳо. Ба иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои мубрами қонунгузории муҳоҷиратӣ ва меҳнатии Федератсияи Россия шарҳу тавзеҳ дода шуд. Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими робита бо ҳамватанони муқими вилояти Омск баррасӣ гардиданд. Дар доираи мулоқот дигар масъалаҳои муҳими рӯзмарра, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш меоранд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд. *Встреча с гражданами Республики Таджикистан в городе Омск* 9 февраля в городе Омске состоялась встреча Генерального консула Республики Таджикистан в городе Новосибирске Исмоилзоды Зарины с гражданами Республики Таджикистан, проживающими и осуществляющими трудовую деятельность на территории Омской области. Во встрече также принял участие Представитель Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Западно-Сибирском федеральном округе Мирзозода Хуршед. В ходе встречи особое внимание было уделено вопросам защиты прав и законных интересов трудовых мигрантов, включая соблюдение трудового законодательства, условий труда и оплаты, правовую поддержку, а также порядок обращения в компетентные органы в случае нарушения прав. Участникам были даны разъяснения по актуальным вопросам миграционного и трудового законодательства Российской Федерации. Кроме того, обсуждались вопросы взаимодействия с таджикскими общественными организациями, проведения культурно-просветительских мероприятий, направленных на сохранение национальной идентичности и укрепление связей с соотечественниками, проживающими в Омской области. В рамках встречи также были рассмотрены другие актуальные вопросы повестки дня, волнующие граждан Республики Таджикистан, и даны соответствующие рекомендации.