Post content
Мулоқот бо роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Омск 11 феврали соли 2026 дар доираи рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ вохӯрии кории ҳайати намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск таҳти роҳбарии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Новосибирск хонум Исмоилзода Зарина бо Президенти Иттиҳодияи «Палатаи савдо ва саноати вилояти Омск» Федулова Ольга Павловна баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ Мирзозода Хуршед иштирок намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ байни доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Омск, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҷалби муташаккили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави вилояти Омск дар доираи созишномаи амалкунандаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия зоҳир гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои шарикӣ ва рушди ҳамкориҳои амалӣ тасдиқ намуданд. *Встреча с руководством Торгово-промышленной палаты Омской области* 11 февраля 2026 года в рамках развития межрегионального сотрудничества состоялась рабочая встреча делегации дипломатического ведомства Республики Таджикистан в городе Новосибирске во главе с Генеральным консулом Республики Таджикистан в г. Новосибирске госпожой Исмоилзода Зариной с Президентом Союза «Торгово-промышленная палата Омской области» Федуловой Ольгой Павловной. Во встрече также принял участие Представитель Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Западно-Сибирском федеральном округе Мирзозода Хуршед. В ходе переговоров были рассмотрены актуальные вопросы торгово-экономического взаимодействия, расширения деловых контактов между предпринимательскими кругами Республики Таджикистан и Омской области, а также перспективы развития инвестиционного сотрудничества. Особое внимание стороны уделили вопросам организованного привлечения граждан Республики Таджикистан к временной трудовой деятельности на территории Омской области в рамках действующего соглашения между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией. По итогам встречи подтверждена взаимная заинтересованность в дальнейшем укреплении партнёрских связей и развитии практического взаимодействия.