Post content
Вохӯрии корӣ бо муассис ва директори ширкати сохтмонии "Кристалл" дар шаҳри Бердск 13 феврали соли 2026 вохӯрии корӣ байни Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ — Мирзозода Хуршед ва Виктор Алексеевич Голубев, муассис ва директори Ширкати сохтмонии «Кристалл» (шаҳри Бердск, вилояти Новосибирск), ки ба сохтмон ва иҷораи амволи ғайриманқул машғул мебошад, баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҷалб ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иншооти сохтмонии ширкат дар вилояти Новосибирск муфассал баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба дурнамои ҷалби муташаккилонаи кормандон дар доираи татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия зоҳир гардид. Намояндаи ҷониби Тоҷикистон аҳамияти риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва кафолатҳои иҷтимоии кормандони хориҷӣ, инчунин зарурати таъмини механизмҳои шаффоф ва қонунии ҷалби онҳоро таъкид намуд. Дар навбати худ, роҳбарияти ширкат омодагии худро ҷиҳати ташаккули захираи устувори кадрӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибихтисос, ки омодаанд дар асоси дарозмуддат ва мутобиқ ба қонунгузории амалкунанда фаъолият намоянд, изҳор дошт. Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкорӣ баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи шарикӣ ва таҳияи қадамҳои мушаххас ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд. Рабочая встреча с основателем и директором строительной компании «Кристалл» в городе Бердск 13 февраля 2026 года состоялась рабочая встреча Представителя Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Западно-Сибирском федеральном округе — Мирзозода Хуршед с Виктором Алексеевичем Голубевым, основателем и директором строительной компании «Кристалл» (г. Бердск, Новосибирская область), специализирующейся на строительстве и аренде объектов недвижимости. В ходе встречи стороны подробно обсудили вопросы привлечения и трудоустройства граждан Республики Таджикистан на строительные объекты компании в Новосибирской области. Особое внимание было уделено перспективам организованного набора работников в рамках реализации Соглашения между Правительством Российской Федерации и Правительством Республики Таджикистан об организованном наборе граждан Республики Таджикистан для осуществления временной трудовой деятельности на территории Российской Федерации. Представитель таджикской стороны подчеркнул важность соблюдения трудовых прав и социальных гарантий иностранных работников, а также необходимости обеспечения прозрачных и законных механизмов их привлечения. В свою очередь, руководство компании выразило заинтересованность в формировании стабильного кадрового потенциала за счёт квалифицированных специалистов, готовых работать на долгосрочной основе в соответствии с действующим законодательством. Встреча прошла в конструктивной и деловой атмосфере. По её итогам стороны подтвердили намерение развивать партнёрские отношения и проработать конкретные шаги по дальнейшему взаимодействию в сфере организованного трудоустройства граждан Республики Таджикистан.