TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #882

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views704Post view count
PostedFeb 2102/21/2026, 07:46 AM
Post content

Post content

Афсарони муҳтарам, ҳамватанони арҷманд! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Шуморо ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик менамояд! Ин рӯзи таърихӣ рамзи шуҷоат, матонат, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат мебошад. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷассумгари қудрату тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Мо ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизмати содиқона ва саҳмашон дар ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи мамлакат изҳори сипос менамоем. Ба шумо саломатии бардавом, иродаи қавӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав дар хизмати пуршараф ба Ватан орзу дорем. Бигзор сулҳу оромӣ ва субот ҳамеша пойдор бошад ва осмони Ватани азизамон софу беғубор монад! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Уважаемые офицеры, дорогие соотечественники! Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет вас с Днём защитника Отечества! Этот знаменательный день является символом мужества, стойкости, патриотизма и преданности государству и нации. День защитника отечества олицетворяет силу и мощь Вооружённых сил и является предметом гордости каждого гражданина страны. Мы выражаем искреннюю признательность всем военнослужащим, офицерам, солдатам и ветеранам Вооружённых сил за их добросовестную службу и вклад в защиту независимости, безопасности и стабильности государства. Желаем вам крепкого здоровья, твёрдости духа, благополучия и новых успехов в почётной службе на благо Родины. Пусть мир, спокойствие и стабильность всегда остаются незыблемыми, а небо над нами будет ясным и чистым! С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции