Post content
Вохӯрии Сафир бо Раиси Бошқирдистон 24 феврали соли 2026 Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари корӣ Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисод, савдо, бахши агросаноатӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайеҳӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ Д. Гулмаҳмадзода Консули генералии навтаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Файзуллозода Фаридунро ба Раиси минтақа расман муаррифӣ намуд. Дар зимн, ҳамсуҳбатон ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар сатҳи байниминтақавӣ тамаркуз карданд. https://mfa.tj/tg/moscow/view/18283/vokhurii-safir-bo-raisi-boshqirdiston —————— Встреча Посла с Главой Башкортостана 24 февраля 2026 года Посол Давлатшох Гулмахмадзода посетил с рабочим визитом Республику Башкортостан Российской Федерации. В рамках своего визита Глава Дипломатического представительства Таджикистана встретился с Главой Республики Башкортостан Радием Хабировым. В ходе встречи были обсуждены вопросы о текущем состоянии и перспективах расширения сотрудничества между регионами Республики Таджикистан и Республикой Башкортостан в сферах экономики, торговли, агропромышленного комплекса, здравоохранении, образовании, культуры и туризма. Одновременно на встрече Д. Гулмахмадзода представил Главе нового Генерального консула Республики Таджикистан в Уфе Файзуллозода Фаридуна. В продолжение встречи, собеседники уделили особое внимание наращиванию инвестиционного взаимодействия на межрегиональном уровне. https://mfa.tj/ru/moscow/view/18283/vstrecha-posla-s-glavoi-bashkortostana