TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #888

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views392Post view count
PostedFeb 2502/25/2026, 08:39 AM
Post content

Post content

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ДИАСПОРАИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ҚАЗОНИ ҶУМҲУРИИ ТОТОРИСТОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ 23 феврал, дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ менамоянд, мулоқот анҷом доданд. Зимни суханронӣ раиси вилоят ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки ҳадафи асосии вохӯрӣ баргузории суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз кору фаъолияти ҳамватанон дар муҳоҷират мебошад. Таъкид гардид, ки имрӯз муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия бомаром рушд ёфта, мулоқотҳои мунтазами сарони ду кишвар барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар даврони истиқлол созишномаҳои зиёди байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расида, Тоҷикистону Россия ҳамчун шарикони стратегӣ ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд. Дар идомаи суханронӣ зикр шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфтаанд. Дар ин замина бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳо, пулу нақбҳо, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо маром идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6260 бунёд гардидааст. Ҳамзамон, фазои сармоягузорӣ дар кишвар тадриҷан беҳтар гардида, заминаҳои ҳуқуқии ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ такмил ёфтаанд. Хизматрасониҳои электронии муосир ҷорӣ гардида, барои фаъолияти озоду бехатари сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Қайд гардид, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ буда, наздики 4 миллион нафар аҳолӣ дорад. Соҳаи кишоварзӣ самти афзалиятнок маҳсуб ёфта, зиёда аз 70 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ фаъолият доранд. Ҳамасола дар вилоят зиёда аз 260 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот ва дигар зироатҳо, инчунин 1 миллион адад пӯсти чорво ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад. Зиёда аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои хориҷӣ содирот мешавад. Дар вилоят 912 корхонаю коргоҳҳои хурду калон фаъолият намуда, беш аз 200 намуди маҳсулот истеҳсол мекунанд. Соҳаҳои саноати кӯҳӣ, энергетика, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва саноати сабук рушд ёфтаанд. Дар ҳудуди вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ — Данғара, Панҷ ва Кӯлоб фаъолият дошта, барои соҳибкорон имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ гардидааст. Қобили зикри хос мебошад, ки тибқи маълумоти оморӣ соли 2025 дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят 636 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 108 адад пул (купрук) бо дарозии 3419 метр таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Аз ин ҳисоб, мумфаршкунии 628 километр роҳ ё 98,7%-и роҳҳои мумфаршшуда ва 55 адад пул бо дарозии 892 метр маҳз бо саҳми соҳибкорону аҳолӣ ба анҷом расонида шудааст. Ин аст, ки дар соли сипаришуда мутаносибан мумфаршкунӣ 2,3 баробар ва теъдоди пулҳо 37 адад зиёд буданд. Дар мулоқот инчунин ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, таъсири низоъҳои сиёсиву низомӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим ишора шуда, таъкид гардид, ки дар чунин шароит бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда истеҳсолотро густариш дода, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ талош варзид. Ҳамчунин, зимни мулоқот ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз — гаравидани бархе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шароити муҳоҷират — таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки пешгирии чунин падидаи номатлуб вазифаи муштараки давлат, ҷомеа ва ҳар як оила буда, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҷавонон аҳамияти калидӣ дорад.