Post content
*Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунанда дар маркази савдои «Тёплый Стан»* 4 марти соли ҷорӣ дар маркази савдои «Тёплый Стан» масъулини Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Зиёзода корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотию пешгирикунандаро бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди маркази савдо фаъолият менамоянд, баргузор намуданд. Зимни чорабинӣ талаботи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия ва меъёрҳои интизоми меҳнат ба ҳозирин шарҳ дода шуданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои пешгирӣ аз кирдорҳои номатлуби ҷомеъа, аз он ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, экстремизм, инчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дорои хусусияти тахрибкорона, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар анҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ тақсим гардида, рақамҳои тамоси хатти оҷилии Намояндагӣ барои гирифтани машварат ва дастгирии фаврӣ пешниҳод карда шуданд. Вохӯрӣ дар фазои созанда баргузор гардида, шаҳрвандон ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд ва барои ташкили чунин чорабинӣ изҳори сипос намуданд. *Информационно-профилактические работы в торговом центре «Тёплый Стан»* 4 марта 2026 года в торговом центре «Тёплый Стан» сотрудники Представительства совместно с Представителем Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан Фаррух Зиёзода провели информационно-профилактические работы с трудовыми мигрантами - гражданами Республики Таджикистан, осуществляющими трудовую деятельность на территории торгового центра. В ходе мероприятия были разъяснены требования миграционного законодательства Российской Федерации и нормы трудовой дисциплины. Отдельное внимание уделено профилактике употребления наркотических и психотропных веществ, а также вопросам вовлечения молодёжи в деструктивные и экстремистские группы, в том числе через социальные сети. Участникам были розданы информационные материалы и предоставлены контакты горячей линии Представительства. Встреча прошла в конструктивной обстановке, граждане получили ответы на интересующие вопросы и выразили благодарность за проведённую работу.