Post content
Шарҳ дар бораи тартиби тамдиди муҳлати будубош ва гузоштани муҳр дар корти муҳоҷиратӣ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират хотиррасон мекунад, ки барои баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ гузоштани муҳр оид ба тамдиди муҳлати будубош тибқи тартибе амалӣ мегардад, ки бо Фармони ВКД-и Россия № 926 аз 22.11.2021 тасдиқ шудааст. Дар ҳолатҳое, ки мувофиқи тартиби мазкур ба мақомоти ВКД-и Россия барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ пешниҳод намудани ариза зарур мебошад, гузоштани муҳри дахлдор дар корти муҳоҷиратӣ ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Ин талабот ба категорияҳои зерини шаҳрвандон татбиқ мегардад: 1. Шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид (виза) вориди Федератсияи Россия шуда, барои гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозатномаи иқомати доимӣ (ВНЖ) ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд. 2. Шаҳрвандони хориҷие, ки барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия қабул мешаванд (донишҷӯён, магистрон, аспирантон, унвонҷӯён ва дигар категорияи шаҳрвандоне, ки ба таҳқиқ ва дар раванди экспедитсия иштирок менамоянд). 3. Шаҳрвандони хориҷие, ки барои тамдиди муҳлати будубош ба таври инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд, аз ҷумла: o шахсоне, ки хешовандони шаҳрвандони Федератсияи Россия мебошанд; o шахсоне, ки бинобар табобат ё дигар сабабҳои ҷиддӣ имкони тарк намудани қаламрави Федератсияи Россияро надоранд. Ҳамзамон хотиррасон менамоем, ки ҳангоми пардохти боҷи патент (пардохти авансӣ) ба шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат намудан ба мақомоти ВКД-и Россия ва гирифтани муҳр оид ба тамдиди муҳлати будубош дар корти муҳоҷиратӣ талаб карда намешавад. Ин меъёр дар банди 3 қисми 5 моддаи 13.3 Қонуни федералии «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия» пешбинӣ шудааст. Рақамҳо барои тамос бо Намояндагӣ: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5. Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; 7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48; 8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 Почтаи электронии Намояндагӣ: [email protected].