Post content
Асос барои тамдиди муҳлати будубоши қонунӣ дар ҳудуди ФР Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандонамон барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ бояд асоси қонунӣ дошта бошанд. Аз ҷумла, агар Шумо муҳоҷири меҳнатӣ бошед, зарур аст бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонед. Дар асоси шартномаи меҳнатии басташуда муҳлати будубоши муваққатӣ ба давраи амали он тамдид карда мешавад. Инчунин, дар асоси шартнома муҳлати будубоши фарзандони ноболиғи муҳоҷири меҳнатӣ низ метавонад тамдид карда шавад. Агар Шумо дар ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади “хусусӣ” қарор доред ва хеши наздики шаҳрванди Россия ҳастед, ки доимӣ дар Россия иқомат дорад, метавонед муҳлати будубоши муваққатии худро дар асоси робитаи хешутаборӣ тамдид намоед. Дар ин ҳолат муҳлати будубош метавонад ба давраи ҳузур дар қаламрави Россия тамдид гардад, аммо на зиёда аз як сол. Агар Шумо донишҷӯ ҳастед, муассисаи таълимие, ки дар он таҳсил мекунед, метавонад муҳлати будубоши Шуморо дар Федератсияи Россия то анҷоми таҳсил тамдид намояд. Барои тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ шаҳрвандони хориҷӣ ё ҷониби қабулкунанда, ва дар ҳолати донишҷӯ (таҳсил) — муассисаи таълимӣ ё илмӣ, бояд бо ариза барои тамдиди муҳлати будубош ба яке аз мақомотҳои зерин муроҷиат намоянд: • шуъбаи полис оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД-и Россия дар маҳалли будубош; • КВДФ «Хадамоти шиносномавию раводиди» ВКД-и Россия. Илова бар ин хотиррасон менамоем, ки донишҷӯён ва хешовандони шаҳрвандони Федератсияи Россия ҳатман бояд дар корти муҳоҷиратии худ муҳри тамдид(тамға) гиранд. Ин талабот тибқи Фармони ВКД-и Россия №926 аз 22.11.2021 муқаррар шудааст. Дар ҳолати гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед бо рақамҳои Намояндагӣ тамос гиред: 1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00. 2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Қазон: +7 (994) 100-95-59; 3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69; 4. Ҳавзаи федералии Сибири Ғарбӣ, ш. Новосибирск: +7 (901) 344-77-77; 5. Ҳавзаи федералии Сибири Шарқӣ, ш. Иркутск: +7 (929) 388-54-11; 6. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99; 7. Роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809 55 48; 8. Роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 Суроғаи электронии Намояндагӣ: [email protected].