TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #940

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views740Post view count
PostedMar 1203/12/2026, 09:44 PM
Post content

Post content

Вохӯрии Сафир бо ҳамватанон 12 марти соли 2026 дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти cафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони иттиҳодияи ҷамъиятии ҳамватанони муқими минтақа ҷиҳати шиносоӣ бо шароити зисту фаъолияти онҳо баргузор гардид. Зимни суҳбат, роҳбари Намояндагии дипломатӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод. Сафир оид ба тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари иқомат иттилоъ дода, таъкид кард, ки фаъолияти роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои мутобиқшавӣ ба шарту шароитҳои нав ба шаҳрвандон таҳким дода шуда, ба онҳо мусоидат ва роҳнамоии ҳуқуқӣ намоянд. Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, барои дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташвиқи ҳайёти тарзи солим ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавонон кӯшиш намоянд. Дар фарҷом, роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон аз роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободонии Ватан ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар фаъолона иштирок намоянд. https://mfa.tj/tg/moscow/view/18376/vokhurii-safir-bo-hamvatanon ———————— Встреча Посла с соотечественниками 12 марта 2026 года в рамках рабочей поездки в Санкт-Петербург состоялась встреча Посла Давлатшох Гулмахмадзода с руководителями содружества соотечественников региона, чтобы ознакомиться с условиями их жизни и деятельности. В ходе встречи Глава дипмиссии пояснил ключевые моменты Послания Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан, а также рассказал о достижениях страны в различных областях и укреплении её роли на международной арене. Посол проинформировал об изменениях в законодательстве страны проживания и подчеркнул, что деятельность руководителей общественных объединений должна быть усилена для содействия правовой поддержке и адаптации соотечественников. Кроме того, присутствующим предложили усилить деятельность в регионах пребывания. В частности, воспитывать подрастающее поколение в духе уважения к национальным ценностям и патриотизма, поощрять здоровый образ жизни, самопознание и трудолюбие, а также активно противодействовать экстремизму и терроризму и не допускать вовлечения молодёжи в экстремистские партии и группы. В завершении Глава Дипмиссии Таджикистана призвал руководителей содружества соотечественников принимать активное участие в обустройстве Родины для достойной встречи и празднования 35-летия Государственной независимости страны. https://mfa.tj/ru/moscow/view/18376/vstrecha-posla-s-sootechestvennikami