Post content
Шодбошии Намояндагӣ ба муносибати Иди Фитр Ҳамватанони арҷманд! Ҳамкорони гиромӣ! Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират шуморо ба муносибати Иди муқаддаси Фитр самимона табрик менамояд! Ин рӯзи фархунда рамзи анҷоми моҳи мубораки Рамазон буда, саршор аз покии маънавӣ, раҳму шафқат ва амалҳои нек мебошад. Иди Фитр мардумро ба ҳам меорад, имонро таҳким мебахшад ва ба аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати якдигар ёдрас мекунад. Ба шумо ва наздиконатон саломатии бардавом, рӯзгори обод, сулҳу субот ва ваҳдату меҳру муҳаббат орзу менамоем. Бигзор хонадонатон ҳамеша пур аз шодиву сурур, гармӣ ва фаровонӣ бошад ва амалҳои неке, ки дар моҳи Рамазон анҷом додаед, бароятон аҷру савоб ва оромии дил оваранд. Бигзор ин иди муборак илҳомбахши комёбиҳои нав гардида, умедро қавӣ гардонад ва тағйироти неку фараҳбахшро ба зиндагии шумо биёрад! Бо эҳтиром, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Поздравление Представительства с праздником Ид Аль-фитр Уважаемые соотечественники! Дорогие коллеги! Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции сердечно поздравляет вас со священным праздником Ураза-байрам! Этот светлый день символизирует завершение благословенного месяца Рамадан, наполненного духовным очищением, милосердием и добрыми делами. Ураза-байрам объединяет людей, укрепляет веру, напоминает о важности взаимопомощи, уважения и заботы друг о друге. Желаем вам и вашим близким крепкого здоровья, благополучия, мира и согласия в семьях. Пусть ваши дома будут наполнены радостью, теплом и достатком, а добрые дела, совершенные в дни Рамадана, принесут вам вознаграждение и внутреннюю гармонию. Пусть этот праздник вдохновит на новые достижения, укрепит надежду и подарит светлые перемены! С уважением, Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации по миграции