TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Предминтруда РТ в РФ
Предминтруда РТ в РФ avatar

TGINSIGHT POST

Post #960

@predmintrud_rt_rf

Предминтруда РТ в РФ

Views374Post view count
PostedApr 304/03/2026, 06:27 AM
Post content

Post content

Ӯҳдадории муҳоҷири меҳнатӣ оид ба пешниҳоди огоҳинома ба ВКД ҷиҳати бастани шартномаи меҳнатӣ Намояндагӣ хотиррасон менамояд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки фаъолияти меҳнатиро дар Федератсияи Россия анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд мустақилона мақомоти ҳудудии ВКД Россияро дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи гражданӣ-ҳуқуқӣ огоҳ намоянд. Огоҳинома бояд дар муҳлати 60 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таҳияи патент пешниҳод карда шавад ва ба он нусхаи шартномаи басташуда ҳатман замима гардад. Пешниҳоди огоҳинома мумкин аст шахсан, тавассути портали хизматрасониҳои давлатӣ -Госуслуги ё бо роҳи ирсоли почта ба мақомоти ҳудудии ВКД Россия, ки патентро додааст, анҷом дода шавад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ, патент бекор карда мешавад, ки ин боиси қатъ гардидани фаъолияти меҳнатӣ ва зарурати тарки қаламрави Федератсияи Россия мегардад. Ҳамзамон бояд ба назар гирифт, ки қонунгузорӣ барои корманд ва корфармо муҳлатҳои гуногуни огоҳсозиро муқаррар намудааст. Шаҳрванди хориҷӣ ӯҳдадор аст дар муҳлати 60 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таҳияи патент ВКД Россияро огоҳ намояд, дар ҳоле ки корфармо ӯҳдадор аст дар бораи қабули шаҳрванди хориҷӣ ба кор дар муҳлати 3 рӯзи корӣ мақомоти ВКД-ро огоҳ созад. Риояи муҳлатҳои муқарраршуда шарти ҳатмии анҷом додани фаъолияти меҳнатии қонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия буда, имкон медиҳад аз оқибатҳои манфии ҳуқуқӣ пешгирӣ карда шавад. Обязанность трудового мигранта по уведомлению МВД о заключении трудового договора Представительство напоминает, что граждане Республики Таджикистан, осуществляющие трудовую деятельность на территории России, обязаны самостоятельно уведомить территориальный орган МВД России о заключении трудового или гражданско-правового договора. Уведомление необходимо направить в течение 60 календарных дней со дня выдачи патента, при этом к нему в обязательном порядке должна быть приложена копия заключённого договора. Подать уведомление можно лично, через портал государственных услуг либо посредством почтового отправления в территориальный орган МВД России, выдавший патент. В случае неисполнения данной обязанности патент подлежит аннулированию, что влечёт необходимость прекращения трудовой деятельности и выезда с территории Российской Федерации. Одновременно обращаем внимание, что законодательством установлены различные сроки уведомления для работника и работодателя. Иностранный гражданин обязан уведомить МВД России в течение 60 календарных дней со дня выдачи патента, тогда как работодатель обязан уведомить о приёме иностранного гражданина на работу в течение 3 рабочих дней. Соблюдение установленных сроков является обязательным условием законного осуществления трудовой деятельности на территории Российской Федерации и позволяет избежать негативных правовых последствий.