TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Посольство Таджикистана в России

TGINSIGHT SIMILAR POSTS

Find similar content

Source channel @tajembassy_ru · Post #2747 · Dec 21

21 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. 21 декабря Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон отбыл в город Санкт-Петербург Российской Федерации для участия в неформальной встрече лидеров государств-участников Содружества Независимых Государств. В этой поездке Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона сопровождают министр иностранных дел, помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам зарубежных связей и другие официальные лица. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#Русия#Россия#Russia#ИДМ#СНГ#CIS President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Results

10 similar posts found

Аз пандҳои Пешвои миллат: “Номи падару модарро фарзанд ҷовидон мекунад, агар тарбия карда бошем”. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики

Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид 29.01.2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудаанд. Дар маркази рамз акси “Маҷмааи Истиқлол”, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст. Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад. Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад. Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд. Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд. #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд. “Шумо, барҳақ, ҳам дар байни ҳамватанон ва ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ эҳтироми баланд доред. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо муваффақият пеш рафта, дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳиму созанда дорад”. - Владимир Путин “Ман рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистонро баланд қадр мекунам, дӯстии амиқи байни моро азиз медонам, омодаам, ки дар якҷоягӣ бо Шумо саъй намоям, то ҳамкории ҳамаҷонибаи байни давлатҳоямонро ба сатҳи нав бардорем ва ба шукуфоии муштараки Чин ва Тоҷикистон такони нав бахшем”. - Си Ҷинпин “Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадори ботаҷрибае мешиносем, ки сазовори эҳтиром ва эътирофи баланди халқи худ гардида, истиқлолияти давлатро таъмин намудааст ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, инчунин таҳкими нуфуз ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст”. - Шавкат Мирзиёев “Дастовардҳои дурахшони Тоҷикистони бародар дар самти навсозии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин, нуфузи баланди давлат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ном ва фаъолияти созандаи Шумо ҳамчун Сарвари давлат робитаи ногусастанӣ доранд”. - Қосим-Жомарт Токаев “Комёбиҳои бузург, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистон ба даст омадаанд, дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодии кишвар ва таҳкими обрӯ ва эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи Шумо алоқамандии ногусастанӣ доранд”. - Сердар Бердимухамедов “Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Шумо ба комёбиҳои бузург даст ёфта, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ устуворона мустаҳкам менамояд”. - Гурбонгули Бердимуҳамедов “Сиёсати давлатие, ки Шумо пеш мебаред, ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишваратон, болоравии некӯаҳволии мардум ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон мусоидат менамояд” - Садир Жапаров “Тоҷикистони бародар зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо бо роҳи устувору мутавозини тараққиёт пеш рафта, дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи дигаргуниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфтааст. Фаъолияти пайвастаи Шумо дар вазифаи олии давлатӣ, ки дар тамоми соҳаҳо саршор аз дастовардҳо аст, ба Шумо ҳам дар давлати худ ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ обрӯю эътибори зиёд овардааст”. - Илҳом Алиев “Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва мутавозин, таҷрибаи ғании идоракунӣ ва дурандешии сиёсии Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақона рушд намуда, нуфузу эътибори худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад. Итминон дорам, ки меҳнати фидокоронаи Шумо ба нафъи мамлакат минбаъд низ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони он ва ҳифзи сулҳу оромиш дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард”. - Александр Лукашенко “Зодрӯзи Ҷаноби Олиро шахсан аз номи худ ва аз номи мардуми Туркия аз таҳти дил табрик намуда, бароятон умри дарози босубот дар канори наздиконатон орзумандам.” - Реҷеп Тайип Эрдоган “Меҳнатдӯстӣ, сифатҳои шахсӣ ва таҷрибаи ғании сиёсии Шумо ба рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузи давлати Шумо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.” - Нурсултон Назарбоев “Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва хушбахтӣ, инчунин, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоӣ таманно дорам”. - Мансур бин Зойид оли Наҳён #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Таджикистан#Tajikistan#Тоҷикистон#Президент#Таджики President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасот ва рукнҳои асосии давлатдории миллии тоҷикон, инчунин, гаронбаҳотарин ёдгори аҷдоди ориёии мо мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саодату оромӣ ва осоиши рӯзгор орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Забони тоҷикӣ дар раванди рушди таърихии худ ҳамчун шаҳсутуни бинои маънавии миллат ва муҳимтарин воситаи инъикоси ҳаёти мардум барои мондагории миллати тоҷик нақши барҷаста бозидааст». 4 октября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем поздравительном послании искренне поздравив благородный народ Таджикистана по случаю Дня государственного языка, который является одной из главных святынь и основных столпов национальной государственности таджиков, а также ценнейшим наследием наших арийских предков, пожелал каждой семье страны счастья, благополучия и изобилия. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «Таджикский язык сыграл выдающуюся роль в своём историческом развитии, являясь опорой духовного уклада нации и важнейшим средством отражения жизни народа для выживания таджикской нации». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Душанбе#Dushanbe#РузиЗабон#ДеньЯзыка#LanguageDay President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Ба истифода додани сардхона, боздид аз гармхона, муаррифии 4 лоиҳаи корхонаи нави саноатӣ, ифтитоҳи корхонаи хишт ва қубурҳо дар шаҳри Турсунзода #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Турсунзода#Tursunzoda President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

31 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии боз ҳам бештарро орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: "Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи кишвар рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардид. Барномаву нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шудаанд, дар соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд ва мо ба ҳадафҳои гузоштаамон хеле наздик шудем". 31 декабря Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем поздравительном послании поздравил весь славный народ Таджикистана и наших соотечественников, проживающих за рубежом, с наступлением Нового 2026 года, пожелав каждой семье страны, прежде всего, крепкого здоровья и счастья, изобилия и благополучия, а нашему любимому Таджикистану — ещё большего развития и процветания. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отметил: "Благодаря миру и спокойствию, полной политической стабильности, национальному единству и самоотверженному труду благородного народа страны было обеспечено устойчивое развитие национальной экономики. В 2025 году важные программы и планы, принятые в рамках национальных стратегических целей, последовательно реализовывались, придали серьёзный импульс развитию экономической и социальной сфер страны, мы значительно приблизились к поставленным целям". #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#СолиНав#НовыйГод#NewYear President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ модарону бонувон ва хоҳарону духтарони азизро ба ифтихори Рӯзи модар аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо, аз ҷумла саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва дар ҷодаи ватансозиву давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизамон барору комёбӣ орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Зан – модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад. Зеро рушди ҷомеа бо заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда таъмин мегардад». 7 марта Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своём праздничном послании сердечно поздравил дорогих матерей, женщин, сестёр и дочерей с Днём матери, пожелал каждой из них крепкого здоровья, счастья, благополучия, успехов и удач в деле созидания Родины и государства, укрепления мира и стабильности, национального единства и дальнейшего прогресса нашего любимого Таджикистана. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул: «Женщина-мать играет беспримерную и бесценную роль в формировании личности ребёнка, укреплении семьи, обеспечении спокойствия и стабильности общества, а также в развитии государства. Именно благодаря самоотверженному и ежедневному труду, терпению и искренней любви матерей к обучению и воспитанию здорового и созидательного поколения обеспечивается прогресс общества». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#РӯзиМодар#ДеньМатери#MothersDay

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубамон устувории сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад. Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бо интихоби ин роҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пайвастанд ва барои ояндаи дурахшони худ таҳкурсии устувор гузоштанд». 6 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем поздравительном послании поздравил всех соотечественников с Днём Конституции, пожелав каждой семье мира и спокойствия, благополучия и удачи, а нашему любимому Таджикистану — политической и экономической стабильности, дальнейшего развития и новых успехов. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отметил: «Принятие данного основополагающего документа стало величайшим и судьбоносным достижением в новейшей истории нашего народа. С принятием Конституции народ Таджикистана определил своё будущее – строительство демократического, правового, светского и социального государства. Избрав этот путь, народ Таджикистана присоединился к мировому цивилизованному сообществу и заложил прочный фундамент для своего светлого будущего». #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Конститутсия#Конституция#Constitution President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Маросими имзои санад ва ба кор андохтани хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд»-и лоиҳаи CASA-1000 31.03.2025 #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#Қирғизистон#Кыргызстан#Kyrgizstan President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

24 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад. Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад. Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад». 24 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в своем поздравительном послании поздравил всех дорогих соотечественников с Днём Государственного флага, пожелав каждому дому, каждой семье благополучия и счастья. Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отметил: «Государственный флаг для каждой цивилизованной нации является символом государственной независимости, гордости за Родину, национальной идентичности, свободолюбия и твердого волеизъявления народа. Государственный флаг также считается знаком единства и взаимопонимания, сплочённости, борьбы и усилий наций во имя свободы и независимости. Поднятие Государственного флага во все времена и эпохи связано с чувством самосознания и почитанием национальной идентичности». On November 24, the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation, Honourable Emomali Rahmon, congratulated all his fellow citizens on National Flag Day in his congratulatory message, wishing every home and every family prosperity and happiness. The Head of State, Emomali Rahmon, noted: "For every civilized nation, the national flag is a symbol of state independence, pride in the homeland, national identity, love of freedom, and the firm will of the people. The national flag is also considered a sign of unity and mutual understanding, solidarity, struggle, and the efforts of nations in the name of freedom and independence. Raising the national flag at all times and eras is associated with a sense of self-awareness and respect for national identity." #ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Таджики#ПарчамиДавлатӣ#ГосударственныйФлаг#StateFlag President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube