Содржина на објавата
Иштирок дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Қатар Рӯзҳои 25-27 ноябри соли 2024 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо мақсади пайгирии супоришҳо аз натиҷаи сафарҳои сатҳи олии Тоҷикистону Қатар ба шаҳри Дохаи Давлати Қатар сафари хизматӣ анҷом дод. Тибқи барномаи сафар 25 ноябр мулоқоти дуҷонибаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар ҷаноби Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ баргузор гардида, дар идома ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ ба Давлати Қатар аз 3 феврали соли 2019 баргузор гардид.