TGINSIGHT CHAT
Вазорати меҳнат
@mlmert
CareerСаҳифаи расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Official channel of the Ministry of Labor, Migration and Employment of Population of the Republic of Tajikistan
Неодамнешни објави
Страница 1 од 17 · 204 објави
Објавено 7 апр.
КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ: БАҚАЙДГИРӢ ИДОМА ДОРАД! Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад: Барои бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширкатҳои корфармои Ҷумҳурии Туркия бақайдгирӣ мунтазам идома дорад. ✅ Имконият барои шумо: Хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном ва гирифтани маълумоти муфассал дар бораи вазифаҳои холӣ ва шароитҳои корӣ ба филиалҳои Агентӣ муроҷиат намоянд. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ: 🏠 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе): Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 📞 Тел: 221-39-67, 221-39-83 📱 Рақамҳо: +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 930 934 994 🏠 Намояндагиҳо дар минтақаҳо: 📍 Вилояти Суғд: +992 92 609 0909, +992 93 999 0909, +992 88 440 6633, +992 90 630 6633 📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828, +992 91 811 2288 📍 ВМКБ: +992 935 101 439 🌐 ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: 💻 Сомонаи расмӣ: https://khorijakor.tj/ МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» 🔔 Эзоҳ: Ҳангоми муроҷиат бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома)-ро дошта бошед. Хизматрасониҳои машваратӣ дар Агентӣ ройгон мебошанд.
Објавено 7 апр.
БА ТАВАҶҶУҲИ КОРҶӮЁН! ҶОЙИ КОРӢ ДАР БЕЛАРУС Дар Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳо барои ишғоли вазифаи ронандаи нақлиёти мусофиркашонӣ (автобус) дар шаҳри Гроднои Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт. Шартҳои асосӣ: Музди меҳнат: 700 - 1700 $ (вобаста ба кор); Талаботи тахассусӣ: Шаҳодатномаи ронандагии категорияи D, E; Забон: Муоширати озод бо забони русӣ; Синну сол: Аз 21 то 60 сола. Барои маълумоти муфассал ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80 муроҷиат намоед. Тел: 221-39-83, 930934994.
Објавено 7 апр.
📢 ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ ОНЛАЙН БАРОИ КОР ДАР ҚАТАР (ШИРКАТИ «AL MANA») Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Jusour»-и Давлати Қатар, шаҳрвандонро ба мусоҳибаи онлайн барои кор дар шабакаи қаҳвахонаҳои маъруфи «Caribou Coffee Qatar» даъват менамояд. 💼 ВАКАНСИЯҲОИ МАВҶУД: 15 нафар — Бариста (тайёркунандаи қаҳва); 10 нафар — Пешхизмат (мард/зан) / Кассир; 5 нафар — Тайёркунандаи сандвич (Sandwich Artist). 💰 ШАРОИТҲОИ КОРӢ: 🏠 Ҷойи зист (манзил) таъмин карда мешавад; 🚌 Нақлиёт барои рафтуомад таъмин аст. 📅 ВАҚТ ВА МАКОНИ МУСОҲИБА: Мусоҳиба ба таври онлайн (тариқи Microsoft Teams) баргузор мегардад. Рӯзи чоршанбе: 08 апрели соли 2026 Оғоз: соати 11:00 (бо вақти Қатар) / соати 13:00 (бо вақти Тоҷикистон). ⚠️ ДАСТУРҲОИ МУҲИМ БАРОИ ДОВТАЛАБОН (ХАТМӢ): Ирсоли пешакии CV: Нафароне, ки хоҳиши иштирок дар мусоҳибаро доранд, бояд пеш аз оғози мусоҳиба тарҷумаи ҳоли (CV)-и худро ба рақами WhatsApp-и Агентӣ ирсол намоянд. Намунаи CV: Барои дуруст пур кардани тарҷумаи ҳол, ҳатман ба намунаи (шаблон) ва видео-дастур таваҷҷӯҳ кунед. Омодагӣ: Довталабон бояд бо забони англисӣ ва намуди зоҳирии расмӣ дар мусоҳиба ҳозир шаванд. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА ИРСОЛИ CV: Маркази асосӣ (ш. Душанбе): 📞 221-39-67, 221-39-83 📱 +992 987906666 (WhatsApp, Telegram) — барои ирсоли CV ва гирифтани намуна 📍 Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80. 🗺 Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19 МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» 38°34'49.3"N 68°48'06.2"E Find local businesses, view maps and get driving directions in Google Maps.
Објавено 2 апр.
Муроҷиат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ХУДРО АЗ КОРФАРМОЁНИ ҚАЛЛОБ ДАР МУҲОҶИРАТ ҲИМОЯ КУНЕД! Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи ҳамватанон мерасонад, ки вобаста ба масъалаи дар хориҷи кишвар ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳолатҳои қаллобӣ афзоиш ёфта истодааст. Афроди қаллоб бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, Telegram) ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро гӯйё бо ҷойӣ кори хуб таъмин мекунанд фиреб медиҳанд. Дар аввал суроғаҳои худро нишон медиҳанд, вале баъд аз гирифтани маблағ худро зуд бедарак месозанд ва ёфтани онҳо номумкин мешавад. ⚠️ НИШОНАҲОИ АСОСИИ ҚАЛЛОБОН: Қаллобон одатан ваъдаҳои зеринро истифода мебаранд: * 💰 Маошҳои аз ҳад зиёд баланд ва ҷойҳои кории «афсонавӣ»; * ⚡️ Омода намудани ҳуҷҷатҳои сафар дар муддати хеле кӯтоҳ; * 🚫 Кафолати 100%-и гирифтани раводид (виза) бе тафтишоти расмӣ. ⚠️ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: Ҳадафи асосии ин нафарон бо фиреб гирифтани маблағи шумо аст. Дар натиҷаи бо онҳо ҳамкорӣ кардани Шумо ҳам маблағи худро аз даст медиҳед, ҳам ҳуҷҷатҳоятон онҳо нобуд мекунанд ва ҳам маълумотҳои шахсии интишор мешавад. ✅ ТАВСИЯҲОИ МУҲИМ БАРОИ ШУМО: * Ба миёнаравони номаълум ва хабарҳои беасоси онҳо бовар накунед. Ҷойҳои кориро аз саҳифаҳои шубҳаноки шахсони алоҳида пайдо накунед. * Бо Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамос шуда аз онҳо расман машварати гиред. Пеш аз сафар ҳатман ба мақомоти давлатӣ, Муассисаи давлатӣ «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат намоед. * Маълумоти шахсии худро аз ҳаргуна нафарони фиребгар ҳифз кунед. Ҳеҷ гоҳ нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба нафарони шубҳанок нафиристед, ки оқибатҳои нахуб дорад. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА МАШВАРАТ: Агар шумо ба ягон пешниҳод шубҳа доред ё мехоҳед маълумоти иловагӣ гиред, лутфан ба рақамҳои зерин занг занед: Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе): 📞 221-39-67, 221-39-83 📱 +992 930 934 994 (WhatsApp, Telegram) 📱 +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 Намояндагиҳо дар минтақаҳо: 📍 Вилояти Суғд: +992 92 609 0909, +992 93 999 0909, +992 88 440 6633, +992 90 630 6633. 📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828, +992 91 811 2288 📍 ВМКБ: +992 935 101 439 Ва иловагӣ: 📞 118 119 810 📞 118 119 820 📞 225 05 75 Аз дӯстон ва наздикони худ хоҳиш намоед, ки эҳтиёткор бошанд! Барои маълумоти пурра ва расмӣ метавонед ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, аз хизматрасониҳои ройгон истифода намоед. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Објавено 2 апр.
ХУДРО АЗ ҚАЛЛОБОНИ СОҲАИ МУҲОҶИРАТ ҲИМОЯ КУНЕД!
Објавено 3 мар.
-«Амина» – ёвари боэътимоди ҳар як муҳоҷир! - Бо «Амина» боварӣ ва амният ҳамеша бо туст - -Замимае, ки ҳар муҳоҷир бояд дошта бошад -«Амина» – пайванди ту бо имкониятҳои нав
Објавено 24 фев.
Ба диққати шаҳрвандоне, ки дар Корея Ҷанубӣ мувофиқи барномаи EPS topik кор кардан мехоҳанд! Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки нафароне, ки нияти кор карданро дар соҳаи истеҳсолотро доранд, дар санаҳои 2-юм то 5-уми марти соли ҷорӣ қабули аризаҳоро бо пардохт намудани маблағи боҷи имтиҳон дар ҳаҷми 330 сомон дар бинои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа тибқи низоми EPS topik ба роҳ монда мешавад. Талаботи иштирок дар имтиҳони EPS topik: -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон; - донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik; - синну сол аз 18 то 39 сола (рӯз моҳ соли таваллуд аз 03.03.1986 то 02.03. 2008); - надоштани доғи судӣ; - надоштани ихроҷшавӣ (депортация) аз Корея; -шахсони солим бидуни бемориҳои сироятӣ; Маълумотҳои муҳим барои номнавис шудан: 1. Рақами телефон; 2. Шакли электронии шиносномаҳои хориҷӣ; 3. Расми рангаи электронӣ ҳаҷми 3,5×4,5 дар фони сафед; Маълумотҳо бояд дуруст ва бо ҳарфҳои лотинӣ ворид карда шаванд! Маълумотҳоро тариқи шиносномаи хориҷӣ бе хато ворид намудан талаб карда мешавад. Шахсоне, ки маълумотҳоро нодуруст ворид намудаанд дар имтиҳон иштирок карда наметавонанд! Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80, телефонҳо барои тамос: 221-39-83, 221-39-67, 930934994 (Whatsapp, Telegram). Канали мо дар телеграм: https://t.me/egencyemploymentabroad Макони ҷойгиршавии мо https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19
Објавено 27 јан.
✅ БАРОИ ДОВТАЛАБОН: Нафароне, ки то ҳол резюмеи (CV) худро пешниҳод накардаанд, метавонанд бевосита ба ҷои баргузории чорабинӣ ҳозир шаванд — ба онҳо дар ҷойи кор кӯмак расонида мешавад. 🔔 МУҲИМ: Агар шумо дар мавриди қабул шудан ё нашуданатон ба ягон ширкат шубҳа дошта бошед, метавонед аз нав дар мусоҳиба бо ширкатҳои дигаре, ки дар ин чорабинӣ иштирок доранд, иштирок намуда, бахти худро бисанҷед.
Објавено 26 јан.
РӮЗИ ДУВУМИ БАРГУЗОРИИ МУСОҲИБАИ МУСТАҚИМ ВА МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРФАРМОЁНИ ДАВЛАТИ ҚАТАР
Објавено 25 јан.
РАФТИ БАРГУЗОРИИ МУСОҲИБАИ МУСТАҚИМ БО КОРФАРМОЁНИ ДАВЛАТИ ҚАТАР БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН
Објавено 22 јан.
📢 ЭЪЛОНИ МУҲИМ: МУСОҲИБАИ МУСТАҚИМ БО КОРФАРМОЁНИ ДАВЛАТИ ҚАТАР Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки мусоҳиба бо намояндагони ширкати «Jusour» (Qatar Manpower Solutions Co.), ки 6 ширкати бузургтарини Қатарро муттаҳид мекунад, баргузор мегардад: Ali Bin Ali — Пешво дар бахши логистика ва савдо. UDC (United Development Company) — Таҳиякунандаи лоиҳаи "The Pearl-Qatar". Rosewood Hotels — Шабакаи меҳмонхонаҳои боҳашамат. Accor Hotels (Fairmont ва Raffles) — Гурӯҳи бузурги меҳмонхонадории ҷаҳон. Marriott Group — Шабакаи байналмилалӣ (Ritz Carlton ва Sheraton). Qatar Airways — Ширкати миллии ҳавопаймоии Қатар. 📅 ҶАДВАЛИ БАРГУЗОРИИ МУСОҲИБА ВА МАКОН: МАКОН: Шаҳри Душанбе, бинои меҳмонхона ва маркази савдои Crowne Plaza: Dushanbeкӯчаи Низомии Ганҷавӣ 1 дар рӯбаруӣ тарабхонаи Чаманоро (ВДНХ) дар шаҳраки донишҷӯён (Ҷазира) қарор дорад. Рӯзи якум: 25 январ (ЯКШАНБЕ) — Оғоз: Соати 10:00. Рӯзи дуюм: 26 январ (ДУШАНБЕ) — Оғоз: Соати 09:00. Рӯзи сеюм: 27 январ (СЕШАНБЕ) — Оғоз: Соати 09:00. ⚠️ ТАЛАБОТИ ХАТМИИ ЛИБОС (ДРЕСС-КОД): Довталабон бояд ҳатман бо намуди зоҳирии расмӣ (протоколӣ) ҳозир шаванд: Костюм, шими расмӣ, пироҳани сафед, галстук ва пойафзоли классикӣ. Шахсони бе либоси расмӣ ба мусоҳиба роҳ дода намешаванд. 💼 ВАКАНСИЯҲО: Илова ба бахшҳои меҳмондорӣ, логистика ва ҳавопаймоӣ, МИҚДОРИ ХЕЛЕ ЗИЁДИ вазифаҳои дигар (техникӣ, ронандагӣ, хизматрасонӣ ва ғайра) мавҷуданд. 📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ: Маркази асосӣ (ш. Душанбе): 📞 221-39-67, 221-39-83 📱 +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 📱 +992 918 391 575 | +992 930 934 994 Намояндагиҳо: 📍 Вилояти Суғд: +992 93 999 0909, +992 88 440 6633 📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063 📍 ВМКБ: +992 935 101 439 МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»
Објавено 22 јан.