Содржина на објавата
Мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати 🇶🇦Қатар 10 декабри соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин, муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир, МД “Агентии бокортаъминкунӣ ба хориҷа”, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ва суъбектҳои хоҷагидор дар шакли маҷозӣ мулоқот бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чорабинӣ, пеш аз ҳама бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Қатар мебошад. Бояд қайд кард, ки намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар даъват карданд, ки тамоми шароитро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ - мутахассисон фароҳам меоранд. Тибқи қонунҳои давлати Қатар ҳуқуқи коргаррон ҳамаҷониба ҳимоят карда мешавад ва дар назди кордеҳ ё корфармо масъулияти бештаре гузошта шудааст. Дар рафти мулоқот зиёда аз 20 субъектҳои хоҷагидор, ки иҷозаи интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар доранд, розигии худро барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои давлати Қатар доданд. Ҳамзамон, мутобиқи Созишномаи Тоҷикистону Қатар теъдоди муҳоҷирон маҳдуд нест ва вобаста ба талаботи давлати Қатар ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар сафарбар мегарданд.