TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
Содржина
Содржина на објавата
Вохӯрӣ бо директори Колеҷҷи Лифтҳои Корея Хенсук Ли Нимаи дуюми рӯзи 17 декабр, Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирзода Иматшо аъзои ҳайати Коллеҷи Лифтҳои Корея (КЛК) таҳти роҳбарии директори он Хенсук Лиро ба ҳузур пазируфт. Мақсади вохӯрӣ ин фароҳам овардани замина барои сохтори ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои «Барномаи табодули донишҷӯён» ва «Курсҳои забони кореягӣ» байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи Лифтҳои Корея мебошад.