TGTGInsighttelegram intelligenceLIVE / telegram public index
← Вазорати меҳнат
Вазорати меҳнат avatar

TGINSIGHT POST

Post #289

@mlmert

Вазорати меҳнат

Прегледи15,200Број на прегледи
Објавено25 дек.25.12.2024 г., 04:37
Содржина

Содржина на објавата

Дар бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷират дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” баргузор гардид. Гурӯҳи корӣ аз мутахиссисони муассисаҳои зерини Вазорат меҳнат иборат аст: Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ, МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, МД “Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва КВД Рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”. Ҳадаф аз ташкили гурӯҳи корӣ – гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳои дурдаст ва тақвият додани ҳамкорӣ бо Хати оҷилӣ мебошад. Муовини вазири меҳнат Нодирӣ Шаҳноза Анвар қайд карданд: “Сокинони ҷамоатҳои дурдаст бештар ба муҳоҷират сафар мекунанд ва бояд аз маълумотҳои боэътимод ва роҳҳои қонунии сафари меҳнатӣ хабардор бошанд.” Ҳамчунин дар рафти муҳокимаҳои гурӯҳи корӣ ба масъалаи омода намудани маводҳои таблиғотии диққатҷалбкунанда оид ба масъалаҳои муҳоҷират таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.